НАСР
САҲВ
Ҳикоя
Дар бехудиҳо Худои худро бишнос.
Ҳикмат.
Ҳикмат.
Аз лаҳзаҳои аввали ҳаёт бо инояти Парвардигор ба одам ғамхорӣ мекунанд. Аввал меҳрубониҳои доя, сипас модару падар, бибиву бобоҳо ва дигар пайвандону наздиконро ҳис менамояд. Дар кӯдакистон мураббияҳо, дар мактаб омӯзгорон, ҳамин тавр инсон бо пуштибонии чунин одамони азиз, дӯстону атрофиён ба воя мерасад ва зиндагии мустақилона пеш мебарад. Вале одам набояд ба ин меҳрубониҳо одат кунад, онро чун амали муқаррарӣ, ки то охири умр давом мекунад, қабул намояд.
Умедҷон дар оила баъди ҳафт духтар таваллуд шуд ва атрофаш ба қавле, пури меҳрубонону ғамхорон буд. Вай дар чунин муҳит ба камол расид. Гӯё вайро аз даст ба замин намонда калон карданд. Дар мактаб ташкилоти ҷавонон, баъди узви ҳизб шудан, ташкилоти ҳизбӣ роҳбару маслиҳатгараш буданд. Ҳамеша дар тӯю маърака, ҳангоми беморию душвориҳо дар атрофаш одамони дилсӯз ҳозир мешуданд. Умедҷон таълиму тарбияи хуби замонаро гирифта ба воя расид, оиладору фарзанддор шуд. Дар ҷамъияти «Дониш» бо муваффақият кор мекард. Вайро яке аз беҳтарин маърӯзачӣ (лектор)-ҳои вилоят мешинохтанд.
Мегӯянд, ки дунё гузарост. Бобову бибиҳо, падару модар ва дигар наздикону пайвандон бо пур шудани паймонаи умр паси ҳам ин дунёро видоъ гуфтанд. Вай вафоти онҳоро чун воқеаи табиӣ қабул намуд ва холӣ будани ҷойи онҳоро ҳис накард. Вале вақте амаку амма, тағою хола ва апаҳояш бо ташвишҳои рӯзгор шуда, ба хонаи вай кам омаданд, зиёда аз ин даври гузариш ба иқтисоди бозор расиду душвориҳои зиндагӣ азияташ дод, Умедҷон сари калобаашро гум кард. Вай ҳамоно бо таассуроти меҳрубониву ғамхориҳои ба вай карда умр ба сар мебурд ва андешаи он, ки худаш низ ба дигарон ҳангоми зарурат бояд дасти ёрӣ дароз кунад, ба хаёлаш хеле кам меомаданд. Аз душвориҳои иқтисодӣ дида, бештар азоби руҳӣ ва маънавӣ мекашид. Баъзе ҳамкоронаш аз ҷамъияти «Дониш», ки узви ҳизб буданду пештар дар тарғибу ташвиқи ғояҳои он аз як-дигар қафо мондан намехостанд, акнун аз гуфтаҳои худ рӯ мегардониданд. Зиёда аз ин, онҳо гузаштаро тамоман сиёҳ мекарданд ва ба назар чунин мерасид, ки дар ин амал бо якдигар мусобиқа доранд. Ба Умедҷон чунин тағйирот сахт таъсир мекард. Ба ин чандон хуб набудани вазъи иқтисодии оилааш низ сабаб буд. Агар пештар дар ин хел ҳолатҳо пайвандону наздикон вайро дастгирӣ карда бошанд, ҳоло душвориҳои иқтисодӣ онҳоро низ дар канор намонда буд.
Умедҷон дар чунин шароит мӯҳтоҷӣ ёрӣ шуд. Барои додани музди таълими шартномавии духтари хурдиаш дар донишкада пул надошт. Болокорӣ завҷааш хабар расонд, ки аз сабаби саривақт напардохтани музди таълим духтарашро аз дарс пеш кардаанд. Ин воқеа болои сӯхта намакоб шуд. Ноилоҷ аз дӯсти наздиктаринаш, ки ҳеҷ гоҳ илтимоси вайро рад накарда буд, қарз пурсид.

Умедҷон, ман ҳоло нафақахӯрам. Худам гоҳо аз бепулӣ чӣ кор карданро намедонам, — гапро мухтасар кард рафиқаш.
Умеди ягонаю охирини Умедҷон барбод рафт. То ҳол дӯсташ ягон бор хоҳишу илтимоси вайро рад накарда буд. Умедҷон ба хона хеле малулу маъюс баргашт. Нишасту оҳе кашид ва аз замири қалбаш беихтиёр нидои «Эъ, Худо!» баромад.
Умедҷон дар мамлакате, ки ғояи атеистӣ бартарӣ дошт, таваллуд шуда, тарбия ёфт ва ба воя расида буд. Агарчи падару модараш одамони худошиносу намозхон буданд ва рӯза медоштанд, Умедҷон «динро барои халқ афюн» медонист.
Вале баъди соҳибистиқлол шудани диёрамон муносибат ба дин ва озодии виҷдон тағйир ёфт. Роҳбари ҷамъияти «Дониш» ба вай супориш дод, ки бахшида ба иди Рамазон баромад тайёр кунад.
Вай дар вазъияти ногувор монда, забон хоид:

Ман наметавонам чунин баромад тайёр кунам. Чунки дар бораи дину моҳи Рамазон тасаввуроти хеле ночиз дорам…
Ҳамаи мо ҳамин хел ҳастем. Ба шумо бахти аввалин шудан насиб кард…
Умедҷон адабиётҳои заруриро ёфта хонд, бо имом-хатиби масҷид сӯҳбат кард, як рафиқаш китобчаи хурдеро, ки «Фарзи айн» ном дошт, дод. Ҳамин тавр баромаде тайёр намуд.
Солҳои пеш, вақте волидонаш як моҳ рӯза медоштанд, аз онҳо хоҳиш менамуд, ки ният накунанд. Ҳатто рӯзе ба онҳо «Рӯза надоред, бемор мешавед, меъдаатон дард мекунад» гуфт.

Ин тавр нагӯй, бачаам, гуноҳ мешавад, — насиҳат кард модараш.
Бигузор гуноҳатон ба сари ман бошад, рӯза надоред, — гуфт вай.
Моҳи Рамазон ин гуфтаҳояш ба хотираш расиду андешае ӯро ором нагузошт. Дарк намуд, ки надониставу нафаҳмида ва наомӯхта ба волидайнаш он суханҳоро гуфта будааст. Ҳатто фикр накардааст, ки малули хотири онҳо мешавад. Бинобар ин, рӯза дошта, сабаби эътиқоди қавии онҳоро фаҳмиданӣ шуд. Ҳамин тавр, паҳлӯҳои мусбии рӯзадорӣ аз ҷумла, барои одами солим аз фоида холӣ набудани онро фаҳмид. Дар бораи норасоиҳои он тасаввурот пайдо кард. Дар ифторҳо иштирок намуда, хулоса баровард, ки на ҳама аз таҳти дил рӯза медорад.
Ғамгин шуд, ки ҳамон замон рози қалби одамони аз ҳама наздику меҳрубонашро нафаҳмида будааст. Мутакаббирона ноштою хӯроки шомро ба гуфтаҳои духтурон амал намуда, мехӯрд ва ҳатто боре ҳам дар ифтор бо онҳо сари дастархон нанишистааст…
Мегӯянд, ки тан гирифтани хатои хеш одамро сӯйи роҳи ягонаи ҳақиқӣ – роҳи рост мебарад. Умедҷон ба ин нуқта бовар кард. Ҳамин тавр, бо баҳонаи тайёр кардани маърӯза китобҳои диниву маърифатиро мутолиа намуда, намоз хонданро низ ёд гирифт.
Агар солҳои пеш касе ба вай гӯяд, ки ту ҳам рӯзе Худоро шинохта, намоз мехонӣ, ба камақл будани вай шубҳае намекард. Вале фаҳмид, ки дар байни намозхонҳо одамони ростқавлу ростамал кам набошанд ҳам, вале сухану амалашон фарқкунанда низ будаанд.
Аз чунин андешаҳо ихлоси вай ба диндорон суст мешуд. Вале ақидаи «ҳар кас барои неку бади худ ҷавоб медиҳад» вайро пайрави одамони хуб мекард.
Муаммои музди таълими шартномавии духтараш низ ҳал шуд. «Ҷон хоҳари дилсӯхта» — апааш дастпонаи тиллояшро фурӯхта, онро пардохт.
Умедҷон дастнигорӣ, мутеӣ ва мӯҳтоҷи дигарон шудан барин одатҳоро ҳар рӯз аз вуҷуди худ қатра-қатра фишурда мепартофт. Ҳар қадар бовариаш ба худ меафзуд, ҳамон қадар корҳояш пешрав мешуданд.
Умедҷон беш аз пеш китоб мутолиа мекард. Ба омӯхтани эҷоди аз санҷиши вақт гузаштаи бузургон майл пайдо кард. «Гулистон»-и Саъдӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Румиро хонд. Аз онҳо ба бисёр саволҳояш посух ёфт. Мисраи «Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем»-и ин шоҳасар саҳван то чӣ андоза ба роҳи нодуруст рафтани вайро пайваста ба ёдаш меовард.
Беҳуда аз дӯсти наздиктаринаш хафа шуданашро низ дарк кард. Баръакс, он рӯзи қисматсоз ва рафтори дӯсташро, ки ба вай қарз надод, чун фоли нек шинохт. Ҳатто хурсанд шуд, ки дӯсташ чунин кард.
Афсӯс мехӯрд, ки солҳо побанди ёрии дигарон зиндагӣ кард. Аз душвориҳо тарсид, ғавчӯбҳои пеши роҳашро мардона паси сар нанамуд. Аз Худо не, аз бандаҳояш кӯмак пурсид.
Тасаллои дилаш ҳамин буд, ки саҳви бузургтарини худро, агарчи дер аст, фаҳмид…

Мирзо МАСЪУЛ.
Комментарии
Отправить комментарий