назм
Бо орзуи дидор
Иброҳимҷон Дӯстализод 26-уми майи соли 1991 дар Панҷакент ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби зодгоҳаш гирифта, соли 2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
И.Дӯстализод муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Дуруд, фардо”, “Мусиқии нафас” ва “Пайи имдоди гул” мебошад. Ҳамчунин, якчанд маҷмӯаҳои илмӣ-публисистии ӯ нашр гардиданд.
И.Дӯстализод муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Дуруд, фардо”, “Мусиқии нафас” ва “Пайи имдоди гул” мебошад. Ҳамчунин, якчанд маҷмӯаҳои илмӣ-публисистии ӯ нашр гардиданд.
Бекод
Бе ту дил дар қафас асту ҷонам,
Парри коҳе, ки ба дасти бод аст.
Ҳамнафас будану бо ҳам будан
Одату анъанаи аҷдод аст.
Баъди дидори ту шоир гаштам,
Гарчи ин пешаи модарзод аст.
Гар ту дорӣ ҳаваси бикшодан,
Қулфи дарҳои дилам бекод аст.
Парри коҳе, ки ба дасти бод аст.
Ҳамнафас будану бо ҳам будан
Одату анъанаи аҷдод аст.
Баъди дидори ту шоир гаштам,
Гарчи ин пешаи модарзод аст.
Гар ту дорӣ ҳаваси бикшодан,
Қулфи дарҳои дилам бекод аст.
Вопасин умед
Аз сӯйи соате, ки дар айвони туст, дӯст,
Овои дасти сонияҳо мерасад ба гӯш.
Вақти видоъ мерасад, аммо дилам ҳанӯз
Уммедвори туст.
Яъне, ҳанӯз ҳам,
Дар охирин нафас,
Дидорат орзуст, дидорат орзуст…
Овои дасти сонияҳо мерасад ба гӯш.
Вақти видоъ мерасад, аммо дилам ҳанӯз
Уммедвори туст.
Яъне, ҳанӯз ҳам,
Дар охирин нафас,
Дидорат орзуст, дидорат орзуст…
Муколамаи шубоб
Гуфтам ҷавониямро: «меоӣ ё наоӣ?»
Аз дур як садо шуд овои бесадоӣ:
«-Вақте ки бо ту будам, зебоиям надидӣ,
Акнун, ки меравам ман, бар кӯйи ман гадоӣ.
Ман меравам зи умрат, айёми пирӣ ояд,
Бо ман намо видоъу бо пирӣ ошноӣ.
Ин аст расми дунё, асрори будани мо,
Ҳайфо, ки ту пас аз ман, бенуру бесафоӣ.
Баъди хазону сармо фасли баҳор ояд,
Бар ман шудаст фармон, ҳайфо «дигар наоӣ».
Аз дур як садо шуд овои бесадоӣ:
«-Вақте ки бо ту будам, зебоиям надидӣ,
Акнун, ки меравам ман, бар кӯйи ман гадоӣ.
Ман меравам зи умрат, айёми пирӣ ояд,
Бо ман намо видоъу бо пирӣ ошноӣ.
Ин аст расми дунё, асрори будани мо,
Ҳайфо, ки ту пас аз ман, бенуру бесафоӣ.
Баъди хазону сармо фасли баҳор ояд,
Бар ман шудаст фармон, ҳайфо «дигар наоӣ».
Комментарии
Отправить комментарий