НАСР
Юнус
Юсуфӣ
САЪВА
Ба ёди
бародарам Абдурауф
Духтаракро
дидани писарак чунон буд, ки пас аз рафтани барфҳои замистон миёни алафҳои
хушку хазон ногаҳон гулаке бубиниву шодӣ кунӣ.
Писар бехабар аз найрангҳои саройи дудар дами дар истода буд, ки духтар қафас дар
даст аз пеши вай гузашта, сӯйи бозор рафт. Ва пеш аз он ки духтар аз пеши писар
гузарад ногаҳон, ғайри хоҳиши ҳардуяшон, як он нигоҳҳошон ба ҳам омад. Ва
ҳамааш аз ҳамин ногаҳон якдигарро ёфтани нигоҳон оғоз гашт.
Духтар
ин гуна ҳар рӯзи бозор саъваро як бор ба бозор мебарад, аммо
онро касе намехарад. Гӯё дар ин шаҳри пурсадо касе садои хуши парандаро хуш
надошт. Ва инак духтарак ҳар бор, ки қафас дар даст мераваду меояд, писаракро
пеши дар истода мебинад ва ҳамеша нигоҳҳошон як дам баҳам мехӯрад,
дилошон дасту по гум мекунад, хунро ба ҳама ҷойи
танашон неву тунд ба рӯяшон мезанад. Ин як дами камтар аз дам аст. Вале ин як
они андактар аз он чунон шукӯҳе баланд ва шодие ширин дорад, ки писарак гумон
мекунад маҳз барои ба ҳамин баландӣ расидану аз ин ширинӣ
чашидан ба дунё омадааст. Ва аз он чи давоми як ҳафта мегузарад, чизе дар ёдаш
намемонад, магар ҳамон дам, ки нигоҳи махмалину ширини духтар дар оғӯши
нигоҳаш меафтад.
Саъваро
бобои духтар аз ҷангали назди маъбад дошта буд. Маъбади вайрон рӯйи
тале истода буд, ки аз он тамоми шаҳр чун дар кафи даст менамуд. Як
замон дар пешгаҳи он олиҳае зарину зебо побарҷо буд. Шаҳриён ба парастиши ӯ
мерафтанд, пеши рӯяш зону мезаданд, аз тақдиру тадбир мепурсиданд,
ҳотифи ғайб ба пурсишашон посух мекард. Замоне ки одамон ба
парастишгоҳ медаромаданд, бағбонуи зарин табассум менамуд, ҳангоми рафтанашон
дар гиря мешуд. Шаҳриён бағбонуро чунон дӯст медоштанд, ки агар баночор рӯзе
чанд намедиданд, бо ташнагӣ сӯяш медавиданд. Аммо он сапедадам, ки бегонаҳо
сафдарсаф омаданду омаданд, ба шаҳр даромаданд, садҳоро куштанд, маъбадро сӯхтанд,
олиҳаро бурданд, инҳо натавонистанд коре бикунанд. Пас аз ин рӯйдод
шаҳриён чуноне ки ногаҳон аз хоби гарон бедор шавӣ ва хобби дидаатро аз ёд бубарӣ,
парастишгоҳу парастаро фаромӯш карданд. Аз он рӯз
ба пас маъбади вайрони рӯйи тал танҳо монд.
Бобои
духтар марде фақир буд, рӯзгораш ба сахтӣ ба сар мешуд. Боре вай ба небера
дарди дил кард, ки то замоне парастишгоҳ ободу параста дар он шод буд,
намедонистам ниёз чӣ буд, аммо инак дастам таги санг шуд
ва ҳайронам бори зиндагиро то рӯзи бандагӣ чӣ гуна бикашам. Чандест ки аз ҷангали
назди маъбад овози саъва ба гӯш мерасад, чӣ шавад, агар ман аз он мурғон ба
дом орам, ту ба бозор бариву бифрӯшӣ ва ба ин роҳ зиндагии
бесомонамона андак ба сомон орӣ. Бобо
чунин гуфту чунон кард ва инак ҳамон саъваро духтарак ҳар ҳафта ба бозор
мебарад, лек онро касе намехарад.
Як рӯзи
бозор, ки духтар саъваи касмахарро боз ба бозор мебурд, дид писар дар ҷойи
ҳамешагияш набуд. Аз замони бозорнишин шудани духтар ин бори нахуст
буд, ки нигоҳи ташнаи писар ӯро пешвоз намегирифту гусел наменамуд. Духтар, гӯё
ҳар рӯзи бозор барои фурӯши саъва неву паси чизе дигар аз
хона мебаромад, ки шикастахаёл ба бозор омад, парешон паҳлӯи
қафас нишаст, нигоҳи ноорому ҷӯянда
ба гирду пешаш баст, зеро баробари нишастан пайке ба шаҳри дилаш даромад ва
хабар овард, ки харидори деринтизор дар ҳамин миён аст.
Писар аз
паси шонаҳои бешумор ба духтар нигоҳ мекард, аммо барои пеш омадану наздик
шудан ғайрат намекард; ҳар бор ки ин ихтиёрро мекард, ногоҳ зонуҳош ончунон
вазнин мегашт, ки меангошт аз миён поинаш санг аст. Вале он дам, ки нигоҳи
пазмони духтар аз миёни садҳо нигоҳи бегона гузашта, саранҷом
то нигоҳи парешони вай омад, ногаҳ нерӯе боварбахш ба хонаи дилаш
даромад, ӯро аз ин ҳоли хароб берун овард. Писар шармида то
духтар расид ва пеш аз он ки бо овози шикаста "саъваро касе нахарид?"
гӯяд, дид мижгони вай монанд ба мижгони барагови навзод
асту ширинии нигоҳашро гулӯсӯз мекунад.
Пас аз
ин пурсиш духтар дар симои писари нигоҳаш ошнову худаш ноошно нахуст як тани
ҳамдилро диду шод гардид, аммо ногаҳ ин гапи бобо, ки ҳамеша "дар дунё
ҳамдилон ягон-ягонанд, вагарна донаҳои бодому зардолуҳо ҳама дугона
мешуданд" мегуфту ӯро ҳушдор медод, ба ёдаш расид, ба содагии худ дар дил
хандид ва барои он ки пурсиши ҷавонаки ҳамчашмро бепосух нагзорад, гуфт:
-Гуноҳи
бобом, ҷойе ки вай рафту ин мурғакро овард, кас нарафтаасту
намеравад. Дунболи маъбадро сӯхтану олиҳаро бурдан рӯҳи палиди як душман, ки он рӯз
зери сутуни мармар мондаву се рӯз ҷон канда буд, то ҳанӯз
он ҷо мегардад ва аз дард менолад. Нолаи он ҷони
овора гаҳ ба овози паранда мемонад, гаҳ ба овози даранда. Вай аз ин шиканҷа
замоне мераҳад, ки овозаш як тан аз моро девона кунад, рӯзе
то назди маъбад бибарад, дар домаш кунад, бигираду бикушад ва савори ҷони
ӯ аз ин диёр фирор кунад. Инро бобом батакрор мегӯяд,
аммо боз ҳамаро пушти по заду он ҷо рафт, рӯзҳо
гашт ва саранҷом ҳамин парандаро ба даст овард, ки акнун касе аз ман
намехарад...
Писарак
ба содадилии духтарак хандид ва он рӯз бори нахуст саъваро
аз ӯ харид. Бобо инро ба фоли нек гирифту дар курта нагунҷид
ва сапедадам тӯру ҳуштакро бардошта сӯйи ҷангал давид, аммо чанд рӯз,
ки рафту омад, паранда куҷо, гулпарак ҳам ба домаш наомад. Ва духтарак нопайдо
гашт. Писарак на дар кӯча дид ӯро, на дар
бозор. Андаке пас хумори ба духтар расидану мижагони баргаштаашро дидану ба
чашмонаш нигаристану аз шаҳди нигоҳаш чашидан чунон зӯр
шуд, ки писар хобу хӯрро фаромӯш намуд. Дар яке аз чунин шабҳои
бехоб вай риштаи нигоҳ ба тарҳи хираи маъбад вайрон баста, то рӯз
андешид ва натиҷаи ин шабзиндадорӣ он шуд, ки рӯзи
дигар саъваи хушхон боз ба доми бобо афтид. Ва писарак зуд то бозор расид.
Духтарак ҳамон ҷо нишаста буд, ки ҳамеша менишаст, лек нигоҳҳо инак
дигар шуда буданд, аз якдигар намерамиданд, ба хонаи чашм бо
тарс сар намехалиданд, густоху бебок менамуданд. Ва боз нигоҳи писар чизе дошт,
ки аз будани кадом розе дар дилаш дарак медод. Вале духтар инро пай набурд.
Писар расиду гуфт:
-Аз рӯзи
саъваро харидан хоб надорам, ба ин маънӣ, ки он чи мо бедорӣ
мегӯем, дар асл хоб будааст. Он дам, ки бори аввал ба ту
наздик шудам, мижагону чашмонатро дидам ва навозиши нигоҳатро дар танам санҷидам,
дилам маст гашту садои ҷонамро шунидам ва ногаҳ аз хоб бедор шудам...
Ин гап
бори дигар оби шармро ба рӯйи духтар зад, вай нигоҳи
"навозишгараш"-ро ба пеши пояш баст, вале писар он гуна фурӯрафта
дар дунёи навёфтааш буд, ки инро мушоҳида накард, ба ангорааш идома кард:
-Ва
чизҳоеро дидам, ки то ин гоҳ ҳеч намедидам. Рӯзи саъваро харидан нохост дилам
хост парвоз кунаму то осмони хонаи ту расам ва аз баландиҳо ба сӯят
нигарам. Дастонамро монанди боли мурғон ба ду сӯ кардам ва як дам пас ба ҳаво
шудам. Аз баландтарин кӯҳҳо боло рафтаму дар уқёнуси бекарони осмон шино
кардам; шодиву нишоти парвоз ёд аз мазаи нигоҳи ту дошт. Ё шояд майи
нигоҳат мастам карда буду ин ҳама ба назарам менамуд? Намедонам. Аммо он рӯз
чандон ки кофтам, хонаи туро наёфтам, болҳоям маро сӯйи
маъбад бурданд. Ва он ҷо чашмандозе дидам шигифтангез: як тан аз миёни
дарахтон мерафту чизе меҷуст ва... тани дигар, ки ҳама ҷойи
танаш аз оҳани зангхӯрда буд, дуздона аз пасаш равона мешуд. Дар ҷангали
гирди маъбад магар ин ду на паранда дидам он рӯз, на чаранда...
Ин
бофтаи тозаёфта духтарро ғарқи андеша намуд, андаке пас вай бо овози шикаста
гуфт:
-Овози
парандаҳои ҷангал он гуна баланданд, ки ҳар бомдод маро аз хоб
бедор мекунад.
Писар гӯё
ин гапи духтарро нафаҳмид, саъваро аз вай харид:
-Давомашро
ҳафтаи дигар мегӯям.
Духтар
гуфт:
-Агар то
ҳафтаи дигар бобом саъва дорад.
Писар
афзуд:
-Медорад.
***
Ба доми
бобо ҳар ҳафта як саъва меафтад, набера онро ба бозор мебарад, ҷавонак
меояду бедориашро чун хобу хобашро чун бедорӣ қисса мекунад, бо меҳр ба
чашмони духтар менигарад, ташнагии дилашро мешиканад ва дар охир мурғакро
мехараду меравад. Духтар хурсанд аст ва боре аз писар намепурсад, ки вай ин
парандаҳоро куҷо мебараду чӣ мекунад. Аммо бобо дилтанг аст,
дилтанг аз он аст, ки ҳеч наметонад дар ҳафта зиёда аз як саъва дар дом кунад
ва боз намедонад, ки он мурғонро мудом як кас мехарад ва ин кас ҳамон аст, ки
осон дил ба набера додааст, вале ошкор нест дили набераро бурдааст ё
набурдааст. Аммо набера сахт мехоҳад чун ҷавонак парвоз кунад, аз барози кӯҳҳо
фароз равад, рӯйи ҷангало расад, аммо на барои он ки ҳангоми парвоз
ширине монанд ба мазаи нигоҳи писарро бичашад, танҳо барои он ки
бубинад баростӣ он ҷо оҳанодами зангзада аз паси одам медавад ё не. Шояд
барои ҳамин ин кор ҳеч ба ӯ даст намедиҳад. Дилаш аз алам пур мешавад ва аз бобо
мепурсад:
-Дар ҷангал
парандаҳо бисёранд?
Бобо мегӯяд:
-Ман
овозашона мешунавам, аммо худашона намебинам.
Набера:
-Наметарсӣ,
ки он ҷо рӯҳи домангири душман мегардад?
Бобо:
-Вай аз
ман чӣ мегирад, ман ки аз марг наметарсам...
Духтар
дил мекунад аз саъваву писару парвозашу дидаҳояш гап кушояд, вале наметавонад ё
чизе намегузорад ё касе намехоҳад.
***
Он рӯз
писарак сахт болида буд. Вай замоне то ба дари бозор шуд, ки духтарак нав
вориди он мешуд. Онҳо қафасро пеши по гузошта, канори ҳам нишастанд, шона ба
шона ниҳода нишастанд. Писар як дам ба мурғи даруни қафас нигаҳ кард, табассуме
розомез бар лабаш нишаст: "Агар ин мурғак метавонист, ки монанди одам
сухан гуфт, инак чи гапҳое ба духтар мегуфт." Баробари расидани ин андеша
гармии тани духтар то танаш омад ва гӯё ногаҳ дар оби сард афтод, ки
ларзид:
-Дирӯз
дидам оҳанодами зангзада онеро ки дунбол мекард, дарёб кард, аммо анҷоми
корашонро натавонистам дид, зеро ҳангоми парвоз сахт хаста шудаму бозпас
гаштам... -Ва оҳиста дасти духтарро ба дасташ гирифт. Ва ҳамон дам фаҳмид, ки
забони дастҳо гӯётар аз забони сарҳо будаасту онҳо беҳарфу ҳиҷо
ҳама гуфтаниҳои дилро мегуфтаанд ва он чи дастҳо медидаанду мешунидаанд, ҳатто
чашмҳову гӯшҳо наметавонистаанд бубинанду бишнаванд, зеро дар ин
як дам дастҳо он андоза гуфтанду диданду шуниданд, ки забону чашму гӯш
давоми ҳафтаҳо натавониста буданд бикунанд. Болотар аз ин, вай як он
дарёфт, ки тани духтар дар танаш фурӯ рафт, ду пайкар ба як пайкар
мубаддал гашт, тапиши дилҳо ба як зарб даромад ва аз он ҳамон оҳанг баромад, ки
дами баҳам хӯрдани нигоҳҳо ба гӯши ҷонаш меомад. Аз ин бозёфти
ногаҳон дили писар лабрези шодӣ шуд, дасти духтарро ба лабонаш
наздик бурд, бӯсид ва сипас ба чашмонаш молид. Чанд дона ашк бар
мижаҳои баргаштаи духтар овезон гашт, сари писарро оҳиста ба синааш пахш кард,
ангуштонашро бо меҳр ба мӯҳои анбӯҳаш хаст. Он рӯз
писар болу пар баровард, саъваро хариду зуд рафт.
Фардои
он рӯз бобо дар ҷангал хеле гашт, домро аз ҷойе
ба ҷойе овард, бо овози саъваи мода ҳуштак зад, мурод
ҳосил нагашт. Хост бори охир домро ҷойе дигар бубарад ва сипас
ғундораду равад; пайдост ки имрӯз кораш барор намегирад. Ҳангоме ки
чанд қадам пеш рафт, зери дарахт ҷавонаки рӯфаргум
афтодаро дид; нӯки аз хок берунмондаи шамшери зангхӯрда
дар синааш фурӯ рафтаву дар кафи дасти росташ саъваяке мурда буд.
Комментарии
Отправить комментарий