БОЗГАШТИ ФАРИШТАМОҲ (Сарво) (Давомаш) Ҳама гап гап буд, ин гап нав буд. Фариштамоҳ, ки панҷоҳу анд сол аз деҳ беному нишон гумшуда буд, пайғоми зинда ё мурда буданаш ба деҳ нарасида буд, баногоҳ ба деҳ бар- гашта буд. Аз мошини пӯшида пиёда нашуда буд, вагарна паёмаш аз худаш пеш ба деҳ расида буд. Мошини пӯшида ҳамин тавр хосият дошт, ҳар кӣ ба он савор мешуд, худӣ - ном ба ном, бегона - чандсола, чӣ пӯшида, ба даст чӣ гирифта, ҳамоно дар деҳ дониста мешуд. Чи тур дониста мешуд, илми ғайб буд. Холдори Чилдурӯғ мегуфт, ки раиси колхоз, Парвонаи Шопур дар шаҳр љосус дорад, ӯ ба василаи телефон хабардор мекунад, раис му- соҳиб Вағничро, вай Пираку Миракро - барои ин ду тан ояндаҳо хеле аҳамият доштанд - онҳо аз тарафи худ ҳар хоҳандаро огоҳӣ медоданд. Аммо ин калом аз номи як каси бепаном чи андоза ҳақиқат дошт, Худо надонад бандааш намедонист. Аммо, Фариштамоҳаз мошини пӯшида пиёда нашуда буд, мошини ди- гаре ҳам ба деҳнарасида буд, магар аз осмон б...
Сообщения
Сообщения за 2019
- Получить ссылку
- X
- Электронная почта
- Другие приложения
ФАРИШТАМОҲ (Сарво) Қиссаи ишқи Фариштамоҳро ҳамчун яке аз қиссаҳои марғубтарин ва пуршӯртарини бобои Баҳром ба шумор меоранд. Ва аҷиб аст, ки вай ин қиссаро ҳаркӣ бихоҳад, дар куҷое бихоҳад, ҳикоят намекунад. Агар шумо яке меҳмони сармаддеҳиён гардед, хоҳиши шунидани ин қиссаро дошта бошед, меҳмони бобои Баҳром шавед ва зинҳор то фаро расидани шаб аз ин бора сухане наоғозед. Шикебо бошед, даранг оваред: шомгоҳон, ки соҳибхона палосе рӯи бом густурда, шуморо обу зиёфат дода, дастархон- ро ғундошта, сипас чойи кабуди хушбӯй меорад-сармаддеҳиён аз наботи шифоӣ чой карданро хуш доранд - он гоҳ метавонед бебок аз саргузашти Фариштамоҳ ҷӯё шавед. Соҳибхона бафурҷа як пиёлаи чойро ба назди шумо, пиёлаи дигарро ба пеши худ мегузорад, пасон кулоҳашро аз сар гирифта, паҳлӯи пиёла мегузорад, рӯи кӯрпача каҷпаҳлӯ мезанад, ба болишҳои пахтаӣ такя ме- орад, сипас ба қиссагӯӣ мепардозад. - Боре бипиндор, ки ҳамин тур рӯи бом нишастаӣ ва ба осмони ситора- зор менига...