БОЗГАШТИ ФАРИШТАМОҲ
(Сарво)
(Давомаш)
Ҳама гап гап буд, ин гап нав буд.
Фариштамоҳ, ки панҷоҳу анд сол аз деҳ беному нишон гумшуда буд,
пайғоми зинда ё мурда буданаш ба деҳ нарасида буд, баногоҳ ба деҳ бар-
гашта буд.
Аз мошини пӯшида пиёда нашуда буд, вагарна паёмаш аз худаш пеш
ба деҳ расида буд. Мошини пӯшида ҳамин тавр хосият дошт, ҳар кӣ ба он
савор мешуд, худӣ - ном ба ном, бегона - чандсола, чӣ пӯшида, ба даст чӣ
гирифта, ҳамоно дар деҳ дониста мешуд. Чи тур дониста мешуд, илми
ғайб буд. Холдори Чилдурӯғ мегуфт, ки раиси колхоз, Парвонаи Шопур
дар шаҳр љосус дорад, ӯ ба василаи телефон хабардор мекунад, раис му-
соҳиб Вағничро, вай Пираку Миракро - барои ин ду тан ояндаҳо хеле
аҳамият доштанд - онҳо аз тарафи худ ҳар хоҳандаро огоҳӣ медоданд.
Аммо ин калом аз номи як каси бепаном чи андоза ҳақиқат дошт, Худо
надонад бандааш намедонист.
Аммо, Фариштамоҳаз мошини пӯшида пиёда нашуда буд, мошини ди-
гаре ҳам ба деҳнарасида буд, магар аз осмон бар остон фурӯ омада буд?
Аз ин рӯ ҳама ҳоту мот ӯро менигаристанд, касеро ёра набуд, ки ба ӯ
наздик шавад. Ин танҳо Нӯшинаи Париёр буд, ки аз "Зуҳури Исо ба мар-
дум" хушҳол буд, пеш-пеши ӯ мерафту тарона мезаду даф:
Омад Фариштамоҳ, шукри расиданаш,
Хезему даф занем аз шукри диданаш.
Он рафтаи азиз омад ба ошиён,
Каф мезанам ба даф сармасту шодмон.
Омад Фариштамоҳ, он офтоби дур,
Омад Фариштамоҳ, он бозтоби нур.
Каф мезанам ба даф бо шӯру бо шааф,
Бар шодбоши ӯст ин базму ин сурур.
Фариштамоҳи ҳафтоду андсола пеш меомад, гумон мекардед шасту
андсола аст, наздик мешуд, гумон мекардед, панљоҳу андсола аст, боз
наздиктар мегашт, гумон мекардед чилу андсола аст...
Нӯшинаи Париёр инро бо ҳисси панљгонааш - ҳисси панҷуми ӯро аз
париҳо медонистанд - магар дарк мекард, ки тарона мезаду даф:
Омад Фариштамоҳпурнуру гулфишон,
Имрӯз ҳам латиф, имрӯз ҳам љавон.
Аз мо буриду рафт, моро бизад канор,
Ширинтарин нигор, зеботарин баҳор...
- Ин париҳои Нӯшина ҷодугарӣ доранд, - мегуфт кампири Марям, ки
аз ҳамгулони Фариштамоҳбуд.
- Ин муъљизаи хоки Ватан аст, - мегуфт бобои Сангин, ки бо худ анбон-
чае хоки зодбумашро ба табъид бурда буду ҳар вақте дар яхистони Си-
бир ёди гулистони Истир (вай дар девлохи Истир зода шуда буд) мекард,
онро мебароварду мебӯид ва ба қавли худаш аз баракати он хок вай дар
бадарға зинда монда буд.
Аҳли деҳ дигар ба Нӯшина ҳамчун ба девона не, балки ҳамчун ба на-
заркардаи Худо менигаристанд. Ва ин диди дигар қиссаи худро дошт.
Кӯдаки баъди даҳ соли заношӯӣ бо азоб ёфтаи Падида, зани Муроди
Чӯпонак баногоҳ ба чи балое гирифтор шуд.
Кӯдакро Бунлод ном ниҳода буданд, ба умеде ки кӯшки орзуҳои худро
рӯйи он месозанд. Як рӯз бомдодон ӯро нимљону безабон ёфта, дар таҳлу-
ка афтоданд, ки бебунлод мемонанд. Кӯдак зиёд ғаш мекард, чизе на-
мехӯрд, бо пахта ба ҳалқаш об мечаконданд. Падару модари ваҳмзада
ӯро ба шаҳр бурданд. Духтурон дар бемористон як ҳафта табобат кар-
данд, билохир кӯдаки бедаму дудро ба дасти волидайн доданду гуфтанд:
"баред, умед дигар ба тиб нест. Худованд, ки инро додааст, боз дигараш-
ро низ медиҳад".
Мардуме, ки он рӯз аз мошини пӯшида пиёда шудани ин ду танро дида
буданд, мегуфтанд, ки дар умри сари худ аз ин манзараи ҳузновартаре
надидаанд ва Худо кунад, ки дигар набинанд.
Холдори Чилдурӯғ мегуфт:
- Муроде, ки аз пушти рама чун кӯҳе аз паси гареваҳо метофт, чунон
обу адо шуда буд, ки гумон мекардӣ сояи чоштгоҳиаш ба чи муъљизае аз
замин бархостаасту ба љойи ӯмеояд. Яъне Падида каме падид буд, Му-
роди номурод нопадид, агар дурӯғ гӯям... бигузор санг шаваму кулӯх
шавам, лек ин манзараро дигар набинам!
Мулло Бухоризода низ кӯдакро соате чанд куфу суф карданд, дар дил,
ки аз рӯйи гап, ба беҳ шуданаш бовар надоштанд, дуояшон асар накард.
Ҳама умедҳо, ки канда шуда буданд, ба ногоҳ дари ғамкада боз шуду
Нӯшина андарун омад. Падару модари чун бут беҳисшударо дигар коре
ба ёре набуд.
Муъљизаи Худоро бингаред, ки кӯдаки бедаму дуд хуфта, ба як нуқ-
таи шифти хона бемаъно чашм дӯхта, ҳамин ки Нӯшина андарун омад, аз
сақф чашм канду ӯро нигарист. Ҳозирон мегуфтанд, ки ин дам дар чаш-
мони бенури ӯ ахгараке пайдо шуду ғайб зад. Нӯшина ҳам ин ахгаракро
магар дида буд, ки пеши болини ӯ зону зад, аз ду бари рӯяш бӯсид, сипас
қомат баркашиду каф ба даф зад.
Ин зарб аз зарбҳои пешинаи ӯ фарқ дошт. Баъдтар сомеъон мегуф-
танд, ки мо дасти аввал танҳо зарби дафро мешунидем, баъд навои наю
ғиҷҷаку ситову тору чанг ба савти ӯ ҷӯр гаштанд, пиндоштӣ дастае ро-
мишгарон ба ҳамоҳангӣ гузаштанд...
Холдори Чилдурӯғ ин лаҳзаро чунин тасвир мекард:
- Хоҳ бовар кунед, хоҳне, ман ҳузур надоштам, аз забони сардоя ме-
гӯям. Аввал танҳо Нӯшина даф мезадааст, баъд ҳафт парӣ бо наю тору
ситову чангу чағонаву... аз ғайб пайдо шуда ба ӯ ҳамроҳ шудаанд. Чунон
симфоне ба роҳандохтаанд, ки кӯдак бо болин аз замин ду-се ваљаб боло
шуда, дар ҳаво андарво мондааст. Агар дурӯғ гӯям, санг шавам, кулӯх
шавам...
Асли гап ин буд, ки чун Нӯшина ба дафзанӣ меоғозад, ҳамоно кӯдакро
хоб мебарад. Ҳамин ки Нӯшина баъди соате даф заданро қатъ мекунад,
кӯдак бедор мешавад, Нӯшинаро болои сараш мебинад, боз дар чашмо-
наш ахгараке пайдо мешаваду ғайб мезанад, лабонаш мељунбанд - ҳама
ҳозирон пасон қасам мехӯрданд, ки кӯдаки нимљону бедаму дуд ба Нӯшина
лабханд кард! Нӯшина ба Падида мегӯяд:
- Ба бачаат об деҳ.
Кӯдаке ки чанде пеш ба ҳалқаш бо пахта об мечакониданд, ним пиёла
обро дам мекашад.
Кӯдак рӯ ба беҳбудӣ ниҳоду Нӯшина машҳури олам гашт.
Муносибати сармаддеҳиён ба ӯ дугуна буд. Гурӯҳе мепиндоштанд, ки
агар вай тавони беҳбудӣ бахшидан ба беморро дошта бошад, пас зӯри
зиён оварданро низ дорад. Гурӯҳи дигар ба ин бовар буданд, ки вай аз
бозмондагони Мири Валист, шояд ун хуни валигие, ки дар наслҳои дига-
ри Мир хобида буданд, дар рагҳои Нӯшина бедор шуда бошанд. Пас вай
назаркардаи Худову қодир ба муъҷиза намудан аст!
***
Ҳама гап гап буд, ин гап нав буд.
Фариштамоҳ, ки панҷоҳу анд сол аз деҳ беному нишон гумшуда буд,
пайғоми зинда ё мурда буданаш ба деҳ нарасида буд, баногоҳ ба деҳ бар-
гашта буд.
Бобои Сангин, пири ботамкин мегуфт:
- Модари Фариштамоҳхоҳаре дошт, мисли ҳамин Фариштамоҳдар
љавониаш баландболову зебо буд. Як чӯпонбача, аз мулки ҳамсоя, ки
мавсими гармо дар кӯҳу пуштаҳои мо рама мечаронд, намакпурсӣ ба деҳ
фуромад - он вақт мағозаҳои шӯравӣ набуд, мубодалаи амирӣ буд, маса-
лан, як бара ё бузро медоду як пиёла намак мегирифт. Чӯпонбача итти-
фоқо он духтарро мебинаду ошиқ мешавад ва бо шарикаш ба хонаи па-
дар хостгорӣ меравад. Падар он љавонакро бо истеҳзо чашмбарандоз
мекунаду ба шӯхӣ мегӯяд: "ту, эй љавонаки сода, ширбаҳо чӣ дорӣ, ки ба
ин шоҳдухтари ман намоӣ?" Чӯпонбача мегӯяд: "як рама дорам, асоямро
байнаш мепартоям, ду бахш мешавад, ҳар бахше хоҳӣ печону бигир". Аз
ин посухи чӯпонак падари духтар ҳоту мот мешавад ва духтарашро никоҳ
карда ба вай медиҳад. Гумон мебарам, ки Фариштамоҳ ӯро кофта-кофта,
билохир ёфта, назди ӯмонда бошад.
Ба дурустии ин сухан баъдҳо кампири Осуда меафзуд: "ҷуста-ҷуста
хонаи холаашро ёфтааст, то мурдани хола пеши ӯ будааст. Аз љавон ёдкард
як тозиёнае дошта, ки аз соқи мӯзаи мақтул гирифта будааст. Муллои
ҳамон деҳ ӯро бо он тозиёна ба никоҳ дароварда. Ҳар гоҳе пиндори баде
ба дилаш роҳмеёфта, бо он тозиёна худро мезада..."
Ҳароина Фариштамоҳбаргашта буд. Чи тур омаданаш муаммои сар-
баста буд.
- Шояд ӯро мошине то пули Тангӣ овардаву мондаву баргашта рафта-
аст? - ҳадс мезад яке.
- Шояд париҳои Нӯшина ӯро пинҳонӣ дуздида, болои болашон шинон-
да, парида-парида оварда бошанд? - тахмин мекард дигаре.
- Пиёда омада, аз куљое омада, - мегуфт бо қатъият бобои Сангин, - ман
кафшҳои даридаашро дида чунин натиља гирифтам. Либоси танаш, рӯймо-
ли сараш нав, магар каме гард нишаста, вале кафшҳои пояш раҳхӯрдаву
дарида, ман чунин кафшҳоро дар пойи бандиёни Сибир бисёр дидаам.
- Чаро пиёда омадааст, вақте мошин ҳаст? - шигифтзада мепурсиданд
аз ӯ.
- Инро Худо надонад, бандааш намедонад. Аммо ман чунин мепиндо-
рам, ки вай, ки шабе ин роҳро пиёдаву танҳо сарнишеб шуда буд, боз
хоста, ки ҳамон тавр якаву танҳо сарболо биёяд.
- Охир барои чӣ?! -мепурсиданд аз ӯ.
- Агар инро аз худаш ҳам пурсед, ғайр аз љавоби "намедонам" чизе
намешунавед. Шояд муаллим Барзуи Озарпур љавоб дода тавонад. Дар
илме, ки вай омӯхтааст, инро "хурофоти зеҳнӣ" мегӯянд, акси "хурофоти
айнӣ".
Бобои Сангин аввалин шуда аз кафаи болохонааш Фариштамоҳро дида
буд. Вай ин паёмро ба мулло Бухоризода, ки аз дари масљид баромада
буд, гуфта буд. Мулло вокунише нишон надода буд. Аммо чун ин хабар
ба гӯши Оростаи Сиёҳ расида буд, ҳамоно ними деҳба по хеста буд.
Пирон Фариштамоҳро дида буданд, љавонон қиссаашро шунида.
Нозирон аз рӯйи бому аз сари девор Фариштамоҳро менигаристанд бо
ҳарос. Танҳо Нӯшинаи Париёр буд, ки пеш-пеши ӯ бебок меомаду тарона
мезаду даф:
Субҳе чу шабнамак шуд нӯши офтоб,
Якбора ғайб зад он ганљи тангёб.
Чил нављавони деҳ мағлубу баста шуд,
Сармаддеҳи ғариб аз ғам шикаста шуд.
Гурде, ки кушта шуд, пирӯзманд рафт,
Чил сарфиканда монд, як сарбаланд рафт.
Панҷоҳсола шуд ҳиҷрони ошиқон,
Ҷое ба худ наёфт он рӯҳи бемакон...
Даф задани Нӯшина аввал орому нарм ба савти зер буд, баъд оҳиста-
оҳиста шиддат гирифт, пасон чунон зарби бамро гирифт, ки ба атрофиён
сироят кард. Чунон сироят кард, ки ҳатто Оростаи Сиёҳ тоб наёварда ба
арғушт даромад. Касе то ин дам арғушти ӯро надида буд, ҳоло ҳар касе
медид, гумон мебурд модарзод раққоса аст ё аз устоди мумтозе ин ҳунар-
ро омӯхта.
Аммо асли гап ин буд, ки айёми љавонӣ вай хонаро хилват ёфта, ба
граммофони аз бобояш меросмонда - Ороста набераи ҳамон Хубоншоҳи
таърихӣ буд - қартаи марвихонони Бухороро мемонду дар ҳавои он рақс
мекард. Ин граммофонро дар деҳ ба сабаби баландгӯи карнайшакл дош-
танаш "карнайҳофиз" мегуфтанд.
Ороста дар арӯсиву базмҳои занона, ки берақсу суруд намегузашт,
ширкат намекард - дар деҳ мегуфтанд, ки пас аз људо шудан аз Яздони
Малла, мулаққаб ба Орзу, худро беваи ситамдидаи дилмурда эълом на-
муда буд. Аз ин рӯхудро зани занон љилва додан намехост.
Ҳар чи гӯӣ-нагӯӣ ҳоло Ороста ба қавле хирмани рақсро оташ зада
буд. Ҳар як узви танаш алоҳида меҷунбид: абрӯҳо мепариданд, чашмҳо
мечархиданд, синаҳо меразиданд... ду кокули пушти сараш, ба чи афсу-
не, ба ду дасташ печида, боз људо мешуданд, гоҳе мепиндоштӣ, ки Орос-
та чордаста мерақсад. Мардҳо каф мекӯфтанд, занҳо ҳуй мекашиданду
бачаҳо қив доштанд.
Ба ногоҳмуъљизаи дигаре рух дод. Нӯшина аз худ бехуд тарона меза-
ду даф:
Эй вой, вой, вой,
Фарёд, ёд, ёд, ёд.
Сад шукр, шукр, шукр,
Ҳам дод, дод, дод.
Ман шод, шод, шод,
Ман маст, маст, маст.
Каф мезанам ба шаст,
То меравам зи даст...
Нӯшина чунон ба дафзанӣ даромаду дафзанӣ, ки баногоҳ доира аз кафи
дастонаш гум шуд. Ҳароина даф дар дасти ӯбуд, инро ҳама дида буданд,
пасон вай ба ваљд афтод, аз худ бехуд шуд, доира ғайб зад, ба қавле па-
риҳояш низ аз ин ҳоли Нӯшина ба ваљд омада, даф аз кафи ӯ рабуда бу-
данд, худ даф мезаданд, лек дафзании онҳоро касе намедид, садо аз як
нуқта, аз байни панҷаҳои "дафзани" Нӯшина берун меомад.
Каф мезанам ба даф,
Даф мезанам ба каф.
Марг аст он тараф,
Ишқ аст ин тараф...
Холдори Чилдурӯғ баъд ба шунавандагоне, ки ин манзараро надида
буданд, қисса мекард:
- Хоҳ бовар кунед, хоҳне, коре шуд, ки таърих ёд надорад! Аввал до-
ира дар дасташ буд, доираро медидед, ангушт мезад, ангуштҳояшро ме-
дидед. Ҳангоме вай оҳиста-оҳиста ваљдандар шуд - ин вожаро ба ман
муаллима Нӯша ёд доду фаҳмонд - доира аз дасташ ғайб зад, садояшро
мешунидед, худашро намедидед. Агар дурӯғ гӯям, санг шавам, кулӯх
шавам!
Оростаи Сиёҳин водидро чунин тасвир мекард:
- Ҳамин девонаи Худо, Нӯшинаро мегӯям, аз шӯри дилаш маст шуда
буд. Париҳои ҳамбараш ба шӯр омадаву маст шуда буданд, чунон маст
шуда буданд, ки дафро аз кафи ӯ рабуда буданд, худ даф мезаданду ун
бечора, Нӯшинаро мегӯям, пай намебурд, бодро мезаду гумон дошт даф-
ро мезанад, то ин ки хаста шуд, шояд аввал париҳо хаста шуданд, чароки
девона хастагӣ надорад, доираро боз байни панљаҳои ӯ гузоштанд ва мо
боз бо чашми сар онро дидем...
Пасонтар мардум мегуфтанд, он ҳангом ҳамаи шишаи тирезаҳои Сар-
маддеҳларзиданд, шикастанд, рехтанд.
Дар фарљоми ин қисса Холдори Чилдурӯғ меафзуд:
- Хоҳ бовар кунед, хоҳне, ҳама шишаи тирезаҳо шикастанду рехтанд,
ғайр аз тирезаҳои Шераки Хол. Чаро мегӯед? Онҳо шиша надоштанд.
Вай чорчӯбаҳоро ранг карданӣ будааст, шишаҳоро канда, гӯшае гузош-
тааст. Бечораи чилчорааш ана ҳамун.
***
Ҳама гап гап буд, ин гап нав буд.
Фариштамоҳ, ки панљоҳу анд сол аз деҳ беному нишон гумшуда буд,
пайғоми зинда ё мурда буданаш ба деҳ нарасида буд, баногоҳ ба деҳ бар-
гашта буд.
Пайомад, ин ҳангомаи бас шигарф пеш омада буд.
Кам-кам мардум ба худ расиданд.
Кампири Осуда, ки аз ҳамгулони Фариштамоҳ буд, пеш омад, аз ду
бари рӯйи ӯ бӯсиду гуфт:
- Хуш омадӣ, Фариштаљон, ҳама деҳ туро қурбон!
Дигар ҳама шерак шуданд. Мардҳо пеш омаданд, дасташро бӯсидан-
ду занҳо ду бари рӯяшро, кӯдакон доманашро ба чашмҳошон молиданд.
Кампири Марям, аз пешин ҳамболони Фариштамоҳ буд, ноаён аз ди-
даи мардум ба хонааш рафта, бо як баста атласи муъламӣ баргашта буд.
Ба росто бигӯем, онро аз сандуқи љиҳозаш кофта ёфта буд. Ҳатто дилёб
нашуда буд, ки онро ҳангоми шӯҳраи офоқ шудани шаҳбузи таърихиаш,
ба хатсайри сайёҳон сабт гаштани кулбаи назарногираш, филмбардорӣ
омадани коргардони телевизион курта дӯхта бипӯшад. Ҳоло сармояи яго-
наашро пеши пойи дугонааш пойандоз мекард.
Ҷамоат дар назди дарвозаи ҳавлӣ боз истода буд. Хонаву ҳавлӣ бекас
буд. Падару модараш барвақт ҳар ду љон ба ҷонофарин таслим карда
буданд. Дар деҳмегуфтанд, ки онҳоро ғами беному нишон шудани фар-
занди ягона, дар ҳусн фасона, ибрат ба замона пеш аз вақт аз байн бурд.
Назди хонаи бекас мондаву ба сукут рафта ҳама чанде хомӯш мон-
данд. Ниҳоят Бобуна пеш баромаду гуфт:
- Модарљон, иҷоза медиҳед, ман имшаб пеши шумо бимонам?
Фариштамоҳ лаҳзае ӯро нигаристу гуфт:
- Не, бачаам, ту он қадар нуру фар бо худ дорӣ, ки маро ба сафар
баромадан монеъ мешавӣ.
- Ба кадом сафар? - ҳайрон монд Бобуна.
- Пагоҳ мефаҳмӣ, - посух дод Фариштамоҳ ва ба кампири Осуда ишо-
ра карду ором гуфт:
- Имшаб бо ман дугонаи қиёматиам Осуда мемонад.
Онҳо хона андарун шуданду мардум пароканда.
Субҳи барвақт кампири Осуда аҳли деҳро огоҳ кард:
- Фариштамоҳ қариби субҳорому осуда, бо чунин ҳарфҳо: "барои мур-
дан омода будам, Худо агар хоҳад билохир рӯҳи маро ба рӯҳи ӯ мепай-
вандад..." моро тарк кард.
Мардум ба ёд оварданд, ки чанде пеш Нӯшинаи Париёр рӯйи боми
ошхонааш буд, даф мезаду мехонд:
Омад Фариштамоҳаз дуру дуру дур,
Пур шуд самои деҳаз нуру нуру нур.
Омад, ки оқибат бар марг тан диҳад,
Ҷонро ба Ҷонрабой, тан бар Ватан диҳад...
- Аҷабо, - мегуфтанд мардуми деҳ, - боз париҳояш ӯро аз мо пеш хабар
додаанд.
БАҲМАНЁР

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА