ФАРИШТАМОҲ
(Сарво)
Қиссаи ишқи Фариштамоҳро ҳамчун яке аз қиссаҳои марғубтарин ва
пуршӯртарини бобои Баҳром ба шумор меоранд. Ва аҷиб аст, ки вай ин
қиссаро ҳаркӣ бихоҳад, дар куҷое бихоҳад, ҳикоят намекунад. Агар шумо
яке меҳмони сармаддеҳиён гардед, хоҳиши шунидани ин қиссаро дошта
бошед, меҳмони бобои Баҳром шавед ва зинҳор то фаро расидани шаб аз
ин бора сухане наоғозед. Шикебо бошед, даранг оваред: шомгоҳон, ки
соҳибхона палосе рӯи бом густурда, шуморо обу зиёфат дода, дастархон-
ро ғундошта, сипас чойи кабуди хушбӯй меорад-сармаддеҳиён аз наботи
шифоӣ чой карданро хуш доранд - он гоҳ метавонед бебок аз саргузашти
Фариштамоҳ ҷӯё шавед.
Соҳибхона бафурҷа як пиёлаи чойро ба назди шумо, пиёлаи дигарро
ба пеши худ мегузорад, пасон кулоҳашро аз сар гирифта, паҳлӯи пиёла
мегузорад, рӯи кӯрпача каҷпаҳлӯ мезанад, ба болишҳои пахтаӣ такя ме-
орад, сипас ба қиссагӯӣ мепардозад.
- Боре бипиндор, ки ҳамин тур рӯи бом нишастаӣ ва ба осмони ситора-
зор менигарӣ. Баногаҳ аз ин анҷуми обнӯс ситорае канда мешавад, нисфи
осмони тираро рӯшан карда, ғайб мезанад.
Фариштамоҳ низ ҳамин тур чун як ситора нурпошӣ карду нопадид гашт.
Оё нопадид гашт? Не, ҳанӯз ҳам аз фари ӯ афканда осмони Сармаддеҳ
рӯшан аст. Бовар намекунӣ? Ихтиёр дорӣ. Аммо, агар санҷидан бихоҳӣ,
дар тирашаб ё шоми дайҷур як ба осмони деҳи мо назар биафкан. Ҳар-
чанд осмон тира бошад, абри сиёҳ чодар кашида бошад, торҳои зарину
нурпошро тафриқа хоҳӣ кард. Ин торҳои зарин нури ҳусни Фариштамоҳ
аст, ки насиби касе нагашт, бо гуноҳи мо насиби боду борон гашт.
Медонӣ, баъзе духтарҳо дар хурдӣ назарнамо нестанд, ба чунин дух-
тарҳо нигариста, ҳеҷ гуфта наметавонӣ, ки баъди чанде ба балоғат мера-
санд, бо ҳусни афсунгар ба ҷилва меоянд, ҳар як бинандаро волаву шай-
до мекунанд.
Фариштамоҳ низ аз ҳамин қабил духтарҳо буд. Чун ҳама духтарони
деҳ аз паси бузу бузғолаҳо давида мегашт, ё бо ҳамсолонаш лӯъбатбозӣ
мекард, ё модарро ба гиру мони рӯзгор мададгор буд. Қисса кӯтоҳ, на ба
гуфтораш, на ба рафтораш, на ба ҷамолаш ангуштнамо набуд. Ва бано-
гоҳ бибину ангушти ҳайрат бигаз, гӯё ҳазрати Хизр назар карда бошад,
духтари баландболо, оҳучашм, ширбадан, пайвастаабрӯ… Модари ӯ ҷои
нишаст намеёфт, гумон мекард, ки духтарашро чашм мегирад. Вай чан-
дин тӯмор ба пироҳани духтараш овехта буд, ба ин ҳам дилаш ором на-
мегирифт, наъли асп ба дару хори чашм ба девори хона зада буд. Аммо
вай намедонист, ки чашме набуд дар дунё, то қудрати ба ин ҳусну ҷамол
осебе расонидан дошта бошад.
Фариштамоҳ низ гӯё сеҳри ҳусни худро дониста буд, ки мағрур ме-
гашт, касеро писанд намедошт, заминро миннатдор карда қадам мегу-
зошт. Агар гӯямат, ки аз ҳафтсола то ҳафтодсола ҳама ба ӯ ошиқ буданд,
шояд бовар намеоядат, вале ин ҳақ аст.
Ҷавонони деҳи мо дар ягон давру замон буздилу хомгил набуданд,
шермардони деҳи мо ҳамеша яккатози користону майдон буданд. Аммо
кадоме гӯё ба забону ба мароми онҳо дам андохта буд, ки касе ҷуръати
ба Фариштамоҳ даричаи дили худро боз кардан, роз гуфтан надошт. Пи-
рони деҳ ин ҳолро дида, сар меҷунбонданд, ҳай-ҳай мегуфтанд, ки кадом
шаҳбозе аз деҳоти ҳамсоя меояд ва паризоди онҳоро гирифта мебарад.
Тарси онҳо беҳуда набуд…
Мебинам, ки шигифтзадаӣ, суоле нӯги забонатро мехорад, мехораду
аз доданаш истиҳола мекунӣ. Посухи суоли надодаат ин аст, ки кӯҳисто-
ниён сарҳуй мегаштанд дар замони қиссаи ману аз он ҳам пештар. Зеро
деҳоти ин обравак саркамнуфусанд, ҳама ба якдигар хешу таборанд, аз
кӣ рӯ мепӯшӣ? Аз кӣ хавф дорӣ? Орияти кӯҳистонӣ ҳоло ковок шудан
дорад, ба дари хонааш қуфл мезанад, ун замонҳое ки мегӯям, зери як бом
як хонавода мезисту арбадае намешунидӣ, ҳоло ҳар як фард рӯи сар боме
дораду боз аз тангҷоӣ мемунгад… Хайр, биё замонанолӣ накунем, гу-
ноҳи ин замонаро ба замонасоз вогузорему қиссаи худро дунбол гирем.
Ҳамин тавр ҳусни Фариштамоҳ рӯз аз рӯз меафзуду овозааш ба дуру
наздик ошкоро мешуд, ҷавонони бегонаро низ беқарор мекард, аммо шер-
бачаҳои мо ҳамоно ба лаб кулӯх молида мегаштанд. Ба ҳамдигар мени-
гаристанд, мунтазир буданд, ки кадоме аз байнашон ҷуръат менамояд ва
ба духтар рози дил мекушояд, валекин говҷигаре набуд мегӯям, ки ғайр
аз ба ҳамдигар чашм песонидан, тору пуди ҳамдигарро дар чархи масха-
ра ресидан дигар чизе дар амал намеоварданд, гумон буд биёваранд.
Тамоми шӯру мағал баъди суре оғоз ёфт. Гӯё ин сурҳоро маҳз барои
ягон шӯру мағал афкандан фикр кардаанд. Дуруст дар ёд надорам, он
сури кӣбуд. Ба ҳар ҳол бузкашӣ дар ҳамон майдоне, ки паси хонаи Шод-
мон дидӣ, ба авҷ мерасид. Бинандагон дар пуштаҳои қад-қади аспрез
гурӯҳ-гурӯҳ менишастанд, аз такобу аз сароби Сармаддара омада бу-
данд, аз Чилдараву аз Агмаддара низ. Занҳои Сармаддеҳ, чунон ки гуф-
тамат, ҳеҷ гоҳ чодар ба сар нагирифтаанд. Онҳо низ тамошогар буданду
ҳаводори паҳлавонҳои ҳамдеҳ. Дар айёми қиссаи мо як расми аҷиб байни
сургарон маъмул буд.
Ҳар як сургар мехост бо ягон солини ғалатӣ мардумро дар ҳайрат мо-
над. Падари ҳамин Шодмоне, ки ёд шуд, дар сури писар уштуре оварда
буд, дар ун бузкашии таърихӣ аз куҷое як оҳуи зебое оварда буданд. Ҳо,
басе зебо буд, "оҳуи шоҳӣ" мегуфтаанд, барои чаманзори шоҳон мепар-
варидаанд мегӯям, ки чунин номидаанд.
Ана баъд навбати оҳуи шоҳӣ низ расид.
Маслухи тӯрпиро аз марра хеле дур бурда партофтанд. Барои шаҳсо-
лин маслухи тӯрпиро ба майдон мекашиданд, то шаҳсолин насиби чапан-
дози тасодуфӣне, ҳақиқӣ гардаду ҳам бозӣ дерёзу пуршӯртар. Ҳамин тавр
ҳам шуд. Маслухгоҳ ба дасти якеву гоҳ ба дасти дигаре ё аз дастҳо рабу-
да шуда, ба замин меафтод, болои он боз талош мекарданд, билохир ҷаво-
не аз деҳи ҳамсоя тӯрпиро ба марра бурд. Ғиреви мардумро мешунидӣ!
Баъд ҷавон оҳуи шоҳӣ, ҷоизаи ҳалоли худро пеши бар гирифта, лиго-
ми аспро сӯи тамошоиён кашид, ҳама гумон бурданд, ки вай оҳуро барои
нигаҳдорӣ ба ҳамдеҳагонаш медиҳад, лек вай аз назди ҳамдеҳагонаш
гузашта, назди гурӯҳи занон омад, оҳуи шоҳиро пеши пои Фариштамоҳ
фурӯ овард. Ғиреву ҳаёҳуи мардум ба як бор қатъ гашт, ҳатто аспон аз
фахофух нафасгириву беқарор покӯбӣ монданд. Мардуми омада ҳайро-
ну сармаддеҳиён хомӯш ба он ҷавонмарди бебок менигаристанд. Фариш-
тамоҳ низ яке ҳайрон ба ҷавону яке ҳайрон ба оҳуи куллук менигарист.
Мо ҳама нигарони вокуниши Фариштамоҳ ба ин густохии ҷавон бу-
дем. Яъне ҳадяи ҷавони ношиносро мепазирад ё на. Он чи вай кард, ба
номаш муносиб буд. Фариштамоҳ хам шуду ресмонро аз дасту пои оҳу
кушод. Оҳуи озод бо ду-се ҷаҳиш пуштаро боло гашта, байни бурсҳои
ёна нопадид шуд…
Он рӯзу рӯзи дигар ҳама рафтори ҷавони ношиносро муҳокима мекар-
данд: гурӯҳе ин кори ӯро густохӣ мешумурданд, гурӯҳе ҷавонмардӣ. Аммо
шермардони деҳ хомӯш буданд ва ба ин баҳс шарик намешуданд, шояд
онҳо аз қабл пайомадашро дида буданд.
Аммо ҷавони ношинос баъди он сур ҳамарӯза ба деҳи мо омада ме-
рафт. Вай ҳамеша кӯчаеро убур мекард, ки аз назди хонаи Фариштамо-
ҳино мегузашт. Худо медонад, онҳо кай ва чӣ тавр бо ҳам паймон карда
буданд, ки ҷавон аз даромадгоҳи кӯча сар мезаду Фариштамоҳ низ рӯи
ҳавлӣ пайдо мегашт. Ин ду тан бо ҳам ҳарфе намезаданд, танҳо нигоҳи
пурмеҳр ба ҳам медӯхтанд, дар лабони бастаи онҳо сад табассум мешу-
куфт, дар нигоҳи хомӯшашон ҳазор забон ба сухан меомад.
Фариштамоҳ ҷавонро бо нигоҳ гусел мекарду муддате чанд рӯи ҳавлӣ
танҳо мемонду дар лабонаш гулханда мешукуфт. Эҳ, агар ту боре хан-
даи чунин духтареро чун Фариштамоҳ бибинӣ, аз ин дунё бе армон ме-
равӣ. Ман ҳунаре надорам, ки ба ту ун лабу дандонҳоро сифат кунам,
танҳо ҳаминро мегӯямат: агар ӯ механдид, дар ҷисми ҳар бинанда рав-
шанӣ медавид, ғаму кудурат дар дил намемонд, пирмарди ҳафтодсола
бошӣ, бачаи ҳафтсола мешудӣ.
Қисса кӯтоҳ, ин омадшуди чобуксавори пуррӯ дар дили ҷавонони мо
оташи орият афрӯхт. Охир, чӣ тавр мешавад, ки аз таги даҳони чил ҷавон
марди варзида, чил домоди шоиста чунин нозанинеро, бигӯ, паризодеро
муфт бибаранд. Онҳо аз рӯи гап ба ун ҷавон аввал ба хушӣфаҳмонданд,
ки пояшро аз ин деҳкӯтаҳ кунад. Коргар нашуд мегӯям ин таҳдид, ки
ҷавон боз омад. Боз Фариштамоҳ ӯро бо нигоҳ пешвоз мегирифту бо нигоҳ
гусел мекард, танҳо мемонду пеши худ гулханда менамуд.
Ана баъд ҷавонҳо, аз рӯи гап, байни худ қуръа партофтанд, охир, онҳо
сармаддеҳӣ буданд, пас хам заданро ор медонистанд ва боз ба як тан
чилтана дарафтоданӣ набуданд. Қуръа ба номи Бозори Шоҳон афтод
мегӯям, ки рӯзи дигар дар дами дара савори аспи сиёҳмушкин роҳи ра-
қибро мепоид. Ана баъд Бозори Шоҳон ба деҳ наомаду он ҷавон омад.
Бозорро баъд оварданд, рӯи чакман гузошта, як пояш хуб лат хӯрда буд
мегӯям, ки бо пои худ омада наметавонист. Баъд қуръа ба номи Хурсан-
ди Дабирон афтод. Рӯзи дигар вай савори аспи куранг дар дами дара
ҷавонро интизорӣ мекашид. Анабоз Хурсанди Дабирон ба деҳ наомаду
он ҷавон омад, Хурсандро баъд оварданд, рӯи чакман гузошта, як мӯҳра-
аш осеб дида буд мегӯям, ки ҷунбида наметавонист.
Ҳамин тавр ҷавонҳои мо як-як ин ҷавонмардро дар дами дара камин
мегирифтанд, худ намеомаданд, он ҷавон меомад, ҳарчанд обод намео-
мад, сарбаланд меомад, ҷавонҳои моро меоварданд.
Аммо Фариштамоҳ ҳамоно он ҷавонро бо нигоҳ пешвоз мегирифт, бо
нигоҳ гусел мекард, танҳо мемонду пеши худ гулханда менамуд.
Ту акнун вазъи ҷавонони моро тасаввур бикун, ки се нафар монданд.
Хуррами Мардону Баҳроми Комрону Шопури Яздон. Аз байни ин се на-
фар ба яке ман имон надоштам - ба Хуррами Мардон, очаам занастгӯён
гоҳе номардиҳо низ дошт. Шопури Яздон гӯё шонаи рости ман буд, ҳай аз
заковатат гардам, хуб фаҳмидӣ, ки Баҳроми Комронаш ҳамин қиссагӯи
туст. Хуррами Мардон ману Шопурро аз роҳ зад, ки аз дусар мо як-ба як
бо ун ҷавон сар ба сар намеоем, биёед дастҷамъӣ боди буруташро аз ди-
моғаш рут кунем. Ҳарчӣ нагӯӣ ҳам, он қадар ҷавонони аспсавор рафтаву
чакмансавор омадаро дида, ба ҳоле расида будем. Боз ин Хуррами Мар-
дон, ки модараш зан буду кам-кам номардиҳо низ дошт, ба гӯши ману
Шопур он қадар ҳикматҳои худу очаашро хонд, ки мо низ гумон бурдем,
ин ҷо ягон ноҷавонмардие нест, вақте мо шарафи ёрону духтари ҷононро
ҳимоя мекунем.
Ҳамин тавр ин дафъа мо се нафар раҳи ҷавони сарафрозро мепоидем.
Чӣ мегӯӣ, ки ҷавон вақти ҳамешагӣ пайдо гашт, моро диду наҳаросид.
Ба саманди худ савор меомад, баланд боло, фарохшона, уқобчашм, ра-
қиб бошад ҳам, ман ҳозир будам, ҳамчун шонаи чапи худ бигирамаш,
яъне ҳамчун рафиқе, ки туро аз пас ҳимоя мекунаду аз барои худ дил-
пурӣ. Ҳо, ҳамин тавр як ваҷоҳати эътимодбахше дошт ин ҷавон, ки мо
барқасди ҷонаш баромада будем.
Мо се тани хомӯш ба ун як тани хомӯш менигаристем. Ҳар чӣ ҳам
нагӯӣ, беҳтар мебуд, агар ман дар ягон ҷои дигар мешудам, на дар рӯ ба
рӯи чунин шери майдон… Баъд вай бе ягон сухан аз асп пиёда шуд ва
лаҷоми аспро ба шохи бурсе баст. Мо ҳам пиёда шудем. Акнун ун як тани
хомӯш ба мо, се тани хомӯш менигарист. Нигоҳаш ботамкин буд, дош-
таш боиси офарин. Ҳар чӣ ҳам нагӯӣ, беҳтар мебуд, ман дар ягон ҷои
дигар мешудам, на дар рӯ ба рӯи чунин шермард. Шояд ҳамин тамкину
виқори ӯ Хуррами Мардонро алағда кард, ки чун хурӯсчӯҷа қуд-қудку-
нон, яъне дӯғзанону пӯписакунон пеш давид. Ҷавон ӯро ба осонӣдур аф-
канд. Хун ба сари Шопури Яздон низ зад мегӯям, ки пеш тохт. Акнун ду
тан ба як тан даромехтанд. Ман ҳамоно чӣ карданамро намедонистам, то
баногоҳ чизе дар дасти Хуррами Мардон дурахшиду ба паҳлӯи ҷавон-
мард фурӯрафт. "Корд!" барқвор аз дилам гузашту худро пеш афкандам
ва дасти барои зарби дуюм бардоштаи Хуррамро доштам. Хунрезӣ-паст-
тарин коре буд, ки мо ҳатто пиндори онро надоштем.
Ҷавонмард паҳлӯяшро дошта, ба замин нишаст, ранги рӯяш сафед гашт.
Ман кордро аз чанги Хуррам рабуда, дур афкандам, вай ҳам хеле тарси-
да буд мегӯям, ки муқовимат накард.
Аммо корд кори худро карда буд. Ҷавонмард баъди лаҳзае пеши наза-
рамон ҷон дод. Мо ҷасади ӯро ба асп бор карда бастем, асп роҳи хонааш-
ро меёбаду меравад гуфта, ҳарчанд Хуррами Мардон боз иғвогарӣ ме-
кард, ки мақтулро дар ягон ҷо пинҳон созему "уштури сафедро дидӣ, не"
гӯён гардем.
Асп худро сарҳуй дида, резачорпо, баъд чорхеззанон аз мо дур шуд.
Гумон мекунӣба сӯи деҳи соҳибаш рафт? Не, вай ба деҳи мо тоб хӯрд, бо
ҳамон роҳе рафт, ки ҳамарӯза соатан мерафт. Мо низ ба аспҳои худ са-
вор гашта, ба хона омадем ва интизори пайомади кирдори носавоби худ
будем.
Аммо аспи ҷавон назди чапараи ҳотаи Фариштамоҳино меояд. Фариш-
тамоҳ ин дам рӯи ҳавлӣ набудааст - ҷавонро интизор шуда, интизор шуда
"ягон кораш баромадагист" - гӯён хона даромадааст мегӯям. Асп - ба
зиракии ин ҳайвон ҳайрон мемонӣ - рӯи ҳавлиро холӣ дида, шиҳа каши-
дааст. Фариштамоҳ шиҳаи аспро шунида, тозон берун меояд, ҷавонро дар
хонаи зин дилғеҷу овезон дида, чун ҳайкали беҷон нимараҳ мемонад. Баъ-
ди фурсате ба худ меояд, чилбурро кушода, ҷавонро поин кашида, са-
рашро рӯи зону гузошта, қади роҳ мешинад. Мардум гирдаш ҷамъ мео-
янду чӣкарданро намедонанд, ҳайрон мемонанд. Падараш берун меояд,
модараш берун меояд, ин ҳарду низ чӣ карданро надониста, ҳайрон мемо-
нанд. Баъд кадомеро ба сараш задааст, ки мақтулро хона дароранд, хешу
таборашро огаҳ кунанд, кор ба кинхоҳӣ нарасад, хунбаҳояшро ҳозир на-
моянд.
Аз деҳи ҳамсоя чанд нафаре омада, мақтулро бурданд, ба хунбаҳо розӣ
нашуданд, хун ба хун гуфтанду рафтанд. Хуррами Мардон ин даъворо
шунида, ҳамоно аз деҳ ғайб зад. Акнун омоҷи кин ҳар як ҷавони деҳ, пеш
аз ҳама ману Шопури Яздон буда метавонистем. Мефаҳмӣ ман чӣ мегӯ-
ям? Чунин гардиши воқеа ба касе хуш намеояд. Дигар гӯё байни ду деҳ
садди сикандарӣ бардоштанд, ҳатто ба маъракаҳои мотам якдигарро ха-
бар намекарданд. Барои ду деҳи ҳамсоя дар кӯҳистон чунин зиндаҷудои-
ву мурдаҷудоӣ маломатбору зишт буд. Магар мо кам ба сурусӯги ҳамди-
гар шарик будем?
Аз ин рӯ ҳам солорони деҳи мо ва ҳам пешгаҳнишинони деҳи ҳамсоя
зонуро айнак сохта, роҳи аз ин бӯҳрон раҳоӣ ёфтанро меҷустанд. Баъд як
рӯзи равшан ваколате аз деҳи ҳамсоя омад. Онҳо бе ҳеҷ пешгуфтору пеш-
ниҳод шарти худро гузоштанд: Фариштамоҳ бояд ба бечоратарин, бена-
вотарин, безебтарин бевамарди деҳи онҳо ба шавҳар барояд. Аз ҷониби
онҳо чунин шартгузорӣ басе беинсофӣ буд мегӯям, вале онҳо ба ин ҳақ
доштанд, чунон ки мо низ ба ин кори он ҳақ доштем.
Ҳароина ҷавонмардони деҳи мо ба ғазаб омаданд. Онҳо ба ҷонсупорӣ
қодир буданду ба чунин беномусӣ не.
Аммо пирони корозмудаву некубаддида бас дурандеш буданд, ки ба
шӯру шағаби мо гӯш диҳанд. Охир, як хуни ноҳақ рехта аз пасаш чандин
хунрезии дигар меорад. Лек духтареро чун Фариштамоҳхору зор кардан
худ аз як хунрезӣ камтар набуд.
Қисса кӯтоҳ, пирони деҳ дудилаву ҷавонони деҳ яксара меистоданд:
онҳо ҳозир буданд барои осоишу созиш гузашт кунанд, мо омода будем
барои нангу номус истодагӣ кунем. Вале таомули кӯҳистон чунин аст, ки
сухани охиринро марди пир мегӯяд, на ҷавон.
Аммо воқеа ранги дигар гирифт. Аз куҷое баногоҳ дар деҳ Хуррами
Мардон пайдо шуд. Қарори пирони деҳро аз куҷое шунидааст мегӯям, ки
ба ин забунӣ тоқат накарда омад. Ҳар чи нагӯӣ ҳам, падараш мард буд,
ҳарчанд модараш зан. Омаду аспашро назди масҷид баста, ба пирони деҳ
салом дода, гуфт: касе кинхоҳ бошад, мана ман - Хуррами Мардон.
Бо ҳамин ҳама гапро гуфту монд. Мардуми кӯҳистон сухан рӯдакар-
данро хуш надоранд, мағзи гапро мегӯянду мемонанд.
Риштаи ҳодиса боз чигил гашт. На аз ин рӯ, ки Хуррами Мардон ба
деҳ баргашт, балки аз тасмими Фариштамоҳ. Вай бо як дугонааш хабар
расондааст, ки намехоҳад Хуррами Мардон, ки барои вай, Фариштамоҳ
шуда, ба ин кор даст зада, худро маҳкум ба марг карда, заннодида бими-
рад, Фариштамоҳ розӣ аст, ки арӯси ӯ шавад.
Ту чизеро мефаҳмӣ? Мо ҳамон вақт чизеро нафаҳмидем. Ҳарчанд ман
ба зан мардум имон надорам, аз ин тоифа ҳар чизи чашмнадиду гӯшно-
шунидро интизор мебояд буд, ин тасмимро тарозуи ақли ман маҷоли бар-
кашидан надошт.
Овозаи ин хабар ба даҳони мардум афтоду падари Фариштамоҳ ғайр
аз лаб газидаву сар хамида, ба хостгорҳои Хуррами Мардон фотиҳа до-
дан, дигар илоҷе надошт. Кадом падар дидаву дониста ба шахсе, ки риш-
таи умраш имрӯз ё пагоҳ канда мешавад, духтар бароварда медиҳад?
Ҳар чи ҳам нагӯӣ ун вақтҳо мардум сахт баорият буданд. Қаблан мав-
қеи ҳар сухану подоши ҳар амалро месанҷиданд, яъне ба ҳован об намекӯ-
фтанд, ба сӯзан хирман бод намекарданд. Аз ин рӯ мо ба шарики худ,
Хуррами Мардон ҳасад намебурдем, ки соҳиби чунин паризоде мешавад.
Ё ту гумондорӣ, ки муҳаббати мо ба Фариштамоҳ ковок буд? Эҳ, ишқи
аввалу охирини ман ҳамун буд, ки дигар бо дидани ягон зан ё духтар
дилам таҳ нанишаст. То бад-ин рӯз як ҳасрати сахте гоҳ-гоҳ ба дилам
чанг мезанад. Эҳ, чунон чанг мезанад, ки рӯи бом баромадан, ба тамоми
деҳ наъра кашидан мехоҳам…
Арӯсӣ ҳам шуд, одиякак, бешӯру мағал, гӯё тӯи бева бошад. Арӯсу
шаҳро зери чодар дароварданд, маснавихонӣ ҳам карданд чанд кампири
баору ду-се хешу табор. Баъд домоду арӯсро танҳо, рахти кӯрпаҳоро ба-
ихтиёрашон, ду холаро дар даҳлез нигаҳбон гузошта, ҳама ба хонаҳои
худ пароканда шудем.
Бомдод холаҳо аз таъхири домоду арӯс ҳайрон монда, дарро ангушт
мезананд, овозе нашунида, хавотир шуда, хона медароянд. Ба фикри ту
чиро мебинанд? Рӯи рахт Хуррами Мардону ба паҳлӯяш корди то даста
фурӯрафтаро! Тирезаи хона кушодаву аз Фариштамоҳ ному нишон на-
монда… Мурдаи ӯро на аз дарё ёфтанду зиндаашро на аз саҳро. Медо-
нам, ҳоло дар сар чӣ фикр дорӣ. Ин кор бе дахолати деҳи ҳамсоя шуда
буд…
Давом дорад...
БАҲМАНЁР

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА