Қурбоққа дар чоҳ
Якчанд қурбоққа аз ҷангале мегузаштанд, ки ногоҳ ду қурбоққа ба чоҳе афтоданд ва дар чанд шохаи даруни он овезон шуданд.
Қурбоққаҳои дигар дар атрофи чоҳ ҷамъ шуда, диданд, ки чоҳ чуқур аст, ба қурбоққаҳо гуфтанд:
- Шумо дигар чорае надоред. Аз ин чоҳ баромада натавониста, ба зудӣ мемиред.
Ду қурбоққа ба ин гуфтаҳо эътибор надода, бо тамоми ҷаҳд кӯшиданд, ки аз чоҳ берун бароянд.
Аммо қурбоққаҳои дигар такрор ба такрор мегуфтанд, ки ин талошҳо беҳудаанд. Аз чоҳ баромада наметавонанд.
Ниҳоят яке аз ду қурбоққа ба гуфтаҳои ҳамқавмони худ таслим шуд. Даст аз талош кашид ва ба даруни чоҳ афтоду мурд.
Аммо қурбоққаи дуввум бо тамоми ҷидду ҷаҳд барои аз чоҳ берун баромадан ҳаракат мекард. Қурбоққаҳои дигар фарёд мезаданд, ки ин ҳама талошҳо фоида надорад. Ӯ аз ин гӯё қувва мегирифт ва далертар мешуд. Ниҳоят бо сад ранҷ аз чоҳ мебарояд. Вақте ки берун омад, қурбоққаҳои дигар аз ӯ пурсиданд:
- Магар ту суханони моро намешунидӣ?
Маълум гардид, ки қурбоққаи дуввум ношунавост. Ӯ аз аввал то берун омадан аз чоҳ фикр мекард, ки дигарон ӯро барои зинда мондан ва наҷот аз чоҳ ташвиқу дастгирӣ мекунанд.
Ҳисса аз қисса, дар ҳаёт инсон бояд соҳиби иродаи қавӣ бошад. Ба ҳар сухан, ки ноумедкунанда аст, эътибор надиҳад. Барои расидан ба коми дил, пайваста талош варзад. Ҳамон дам ба соҳили мурод зудтар мерасад.
Таҳия.
Комментарии
Отправить комментарий