Сообщения

Сообщения за 2017

НАЗМ

15 ғазали олӣ аз устод Суруш  1 Салом, ҳоли ту чун аст, эй ниҳоли баҳор? Дилат шикаст магар боз аз заволи баҳор? Хазони омада рӯзе гузаштанист, маранҷ, Агарчи рафта ҷавонии мо мисоли баҳор. Шикасти шишаи хотир аломати пирист, Нигар ба ранги баҳору мапурс ҳоли баҳор. Ҳазор баргаи рӯзард байни оташи сард - Ҷавоби хушки хазон аст бар суоли баҳор. Биё, ба фотиҳаи сабзаҳои мурда равем, Хурем бо дили пурдард оши соли баҳор. Биё, ба боғ равем, аз шукуфа ёд кунем, Ки дар табиати мо гул кунад хаёли баҳор. 2 Биё, азизи дилам, ёри меҳрубон бошем, Нигоҳбони муҳаббат дар ин ҷаҳон бошем. Биё, нигоҳи самимии офтоб шавем, Дурахши гавҳараки чашми осмон бошем. Биё, ба хотири парвона шамъ афрӯзем, Фурӯғи тоҷи сари гӯри рафтагон бошем. Биё, зи ҳаҷри Бухоро чу бод оҳ кашем, Ба ёди беди лаби Ҷӯи Мулиён бошем. Биё, ба боғ шитобем рӯзи марги баҳор, Даме шарики дили оби боғбон бошем. Биё, чу барқ, ки дандоннамост лабхандаш, Дар ин ҳавои ғамолуда шодмон бошем. Биё, ба мисли Суруш...

НАЗМ

Шариф Ярашов Ҷумаевич 12 марти соли 1986 дар деҳаи Ғӯротии маҳаллаи Дашти ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 2007 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатим намудааст. Аз соли 2007 то соли 2012 дар мактаби рақами 56-и деҳаи худ аз фанни «Забон ва адабиёти тоҷик» дарс гуфтааст. Солҳои 2012-2014 дар бахши магистратураи кафедраи забон ва адабиёти тоҷик таҳсил гирифтааст. Аз соли 2014 ин ҷониб дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДДС ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Намунаҳои эҷодиёти Шариф Ярашов аз давраи донишҷӯӣ дар  газета ва маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва берунмарзӣ интишор гардидаанд. Ҳамчунин дар китоби «Армуғони Самарқанд» (Самарқанд, 2011) намунаҳо аз шаърҳои ў ба табъ расидаанд. Инак хостем, чанд намуна аз шеърҳои Шариф Ярашовро пешкаши Шумо азизон кунем ва умед дорем, ки фикру мулоҳизаҳои худро дар боари шеърҳо баён мекунед. ВАТАН То  ками ногуфтаи айём гуфт, Ку дигар Айнии  номҷустаи халқ? То ғами нохӯ...
ШАҲЗОДА  Ҳикоя Р ӯ зи истироҳат буд. Хостам роҳат карда хоб равам. Аммо сару садои одамон аз берун намегузошт, ки фароғат кунам. «Чаро ҳамин одамон ин қадар баланд гап мезананд. Охир дар ин ҷ о танҳо набошанд. Ба ҳар ҳол хонаи бисёрошёна. Одамон мехоҳанд р ӯ зи якшанбе маза карда хоб раванд. Не, аз ин онҳоро ч ӣ парво? Ҳамаро ғами худу дарди худ» аз дил гузарондам ва ноило ҷ аз болин сар боло кардам. Зав ҷ аам дар ошхона ҷ унбу ҷ ўл дошт. - Дар берун ч ӣ гап?  - Мағозаи назди хонаро имр ӯ з мекушодаанд, - ҷ авоб дод ҳамсарам.  - Аз саҳар хоб дидаанд, ч ӣ ? - Ч ӣ хел саҳар?! Соат қариб н ӯ ҳ шуд.  - Не-е. Берун торик-ку. - Ҳаво абрнок. Барои ҳамин.  Дар ҷ ойхоб телевизорро гиронда тамошо мекардам, ки борон сар кард. Донаҳои калон-калони он ба тиреза бармех ӯ рд. «Ана ба шумо. Дар зери борони тирамоҳ мағозаатонро кушоед», хурсанд шудам. Ҳамин лаҳза садои мусиқ ӣ баланд шуд.  – Уф-ф, ҳамин кам буд, - аз ҷ ой хестам.  Назди супермаркет...