НАЗМ

15 ғазали олӣ аз устод Суруш 
1
Салом, ҳоли ту чун аст, эй ниҳоли баҳор?
Дилат шикаст магар боз аз заволи баҳор?
Хазони омада рӯзе гузаштанист, маранҷ,
Агарчи рафта ҷавонии мо мисоли баҳор.
Шикасти шишаи хотир аломати пирист,
Нигар ба ранги баҳору мапурс ҳоли баҳор.
Ҳазор баргаи рӯзард байни оташи сард -
Ҷавоби хушки хазон аст бар суоли баҳор.
Биё, ба фотиҳаи сабзаҳои мурда равем,
Хурем бо дили пурдард оши соли баҳор.
Биё, ба боғ равем, аз шукуфа ёд кунем,
Ки дар табиати мо гул кунад хаёли баҳор.
2
Биё, азизи дилам, ёри меҳрубон бошем,
Нигоҳбони муҳаббат дар ин ҷаҳон бошем.
Биё, нигоҳи самимии офтоб шавем,
Дурахши гавҳараки чашми осмон бошем.
Биё, ба хотири парвона шамъ афрӯзем,
Фурӯғи тоҷи сари гӯри рафтагон бошем.
Биё, зи ҳаҷри Бухоро чу бод оҳ кашем,
Ба ёди беди лаби Ҷӯи Мулиён бошем.
Биё, ба боғ шитобем рӯзи марги баҳор,
Даме шарики дили оби боғбон бошем.
Биё, чу барқ, ки дандоннамост лабхандаш,
Дар ин ҳавои ғамолуда шодмон бошем.
Биё, ба мисли Суруше, ки рост мегӯяд,
Ба рамзу рози Худованд тарҷумон бошем.
3
Дар рўзи сахтӣ ёр чун ағёр пинҳон мешавад,
Хуршед пушти сояи девор пинҳон мешавад.
Гар ахтарат гардад сияҳ ногоҳ дар рўзи сапед,
Маҳтоб дар оғӯши шоми тор пинҳон мешавад.
Печида мегардад агар сарриштаи афкори ту,
Хобе, ки мебикшод чашми кор, пинҳон мешавад.
Бошӣ чу марде камбағал, бояд бимирӣ, эй касал,
Бе пул табиби шаҳр аз бемор пинҳон мешавад.
Чизе набошад талхтар дар олам аз заҳри забон,
Аз миннати нокас забони мор пинҳон мешавад.
Мазлумро чун моли худ золим ҳимоят мекунад,
Садбарги тар аз ин сабаб дар хор пинҳон мешавад.
Рўзи ҳисобу доварӣ аз ханҷари қаҳри Худо
Саркарда пушти гардани сардор пинҳон мешавад.
4
Туро ҳарчанд аз хок офариданд,
Барои фатҳи афлок офариданд.
Зи шодии ту гулро ранг доданд,
Зи андуҳи ту хошок офариданд.
Ба гандум рӯзаятро чун кушоданд,
Хуморӣ то шавӣ, ток офариданд.
Ҳавоеро, ки месӯзад димоғат,
Магар аз дуди тарёк офариданд?
Шудам ҳайрони аз худ рафтани ту,
Чароят чусту чолок офариданд?
Ғубори ғурбататро абр карданд,
Аз он борони ғамнок офариданд.
Зи афкори накӯ фарри Фаридун,
Зи мағзи тира Заҳҳок офариданд.
Нигоҳи тозае аз чашми шабнам,
Саҳар аз домани пок офариданд.
Фалак то синаи тобон намояд,
Гиребони варо чок офариданд.
Фалакро сина, бе шак, офтоб аст,
Туро охир на шаккок офариданд.
5
Сари моро зи гардун офариданд,
Зи фарри мо Фаридун офариданд.
Ҷаҳон бегона бар мо буд, аз ин рӯ,
Варо аз чашм берун офариданд.
Замин лабташнаи лутфи само буд,
Зи шабнам оби Сайҳун офариданд.
Ҷудо карданд марзи куфру имон,
Дуъоро зидди афсун офариданд.
Ба шаҳри илм Афлотуну Сино,
Ба дашти ишқ Маҷнун офариданд.
Аз аввал то ба охир дар табиъат
Чу кам буд одам, афзун офариданд.
Таҷалло то кунад маънои инсон,
Ҳазор оина мазмун офариданд.
Чу маъно маҳви мазмун гашт, ночор
Як одам аз дусад дун офариданд.
Зи боло то хабарҳои нав орад,
Суруш аз лутфи Бечун* офариданд.
6
Ҷӯборҳо ба баҳр расиданд аз иттифоқ,
Сарҳад фитод байни банӣ Одам аз нифоқ.
Вазъи замон зи ҳолати девона бадтар аст,
Афсӯс, ҷаҳл мечакад аз нилгунравоқ.
Мардум асири хоҳиши хешанд, водареғ,
Бошад сароб роҳзан аз ваҷҳи иштиёқ.
Суст аст байни насли ҷавон аҳди издивоҷ,
Сахт аст рӯзи кӯдаки навзода аз талоқ.
Бозори шаб пур аст зи хубони танфурӯш,
Дунё, ки фоҳиша-ст дар ин давр нест тоқ.
Зоғон ба рӯсиёҳии чанде ба қоғ-қоғ,
Ғукон ба фаҳшкории бархе ба ғоқ-ғоқ.
Шаҳват ба коми фоҳишагон шаҳду шаккар аст,
Лаънат ба завқи пасти ту, эй чархи бадмазоқ.
Жӯлидагӣ дар ин лаҷани ҷаҳл то ба кай?
Эй одамӣ, дар оби мусаффо шав иттифоқ.
7
Зиндагӣ офоқро аз чашми шабнам дидан аст,
Сайри олам кардан ин ҷо рӯи одам дидан аст.
Оқибат ҷамъияти ёрон парешон мешавад,
Ошу нони ошноӣ баҳри бо ҳам дидан аст.
Чашма ҷорӣ мешавад оби сахо аз чашми сер,
Гушначашмӣ ҳосили бисёрро кам дидан аст.
Ҳар шале ҳам метавонад бе асо аз худ равад,
Чашми аъмо низ бино лаҳзаи ғам дидан аст.
Кори аҳли дини насронӣ пас аз марги Масеҳ
Дар чалипо ҳасрати Исои Марям дидан аст.
Кори қавми мо пас аз гум гаштани фарри Каён
Саҳнаи ҷангидани Суҳробу Рустам дидан аст.
Кори чашми ман агарчи нест як кори бузург,
Осмонро нилгун бо чашми шабнам дидан аст.
8
Афсӯс, дар миёни шумо кас надоштем,
Чун кас надоштем, садорас надоштем.
То аз биҳишт сер зи гандум бадар шудем,
Чашми парида ҷониби ҳар хас надоштем.
Ёрони мо ба мардуми бегона содиқанд,
Моем - мо, ки тоқати нокас надоштем.
Мо булбулему ҷуз ҳаваси гул накардаем,
Чун завқи пасти селаи каргас надоштем.
Дар ин замон, ки қисмати ҳар дил шикастан аст,
Мо даст дар шикасти ягон кас надоштем.
9
Завқи моҳтобам нест, ончунон ки мехоҳам,
Шавқи офтобам нест, ончунон ки мехоҳам.
То ба чашми худ гуфтам: Обат аз сарат монад!
Майли чашмаобам нест, ончунон ки мехоҳам.
Ончунон ки мехоҳам раҳ намешавад ҳамвор,
Коҳилам, шитобам нест, ончунон ки мехоҳам.
Хурдани шароб аз ғам лаззати дигар дорад,
Шишаву шаробам нест, ончунон ки мехоҳам.
То ба мӯи ман печид печак аз нахи маҳтоб, 
Тоби печутобам нест, ончунон ки мехоҳам.
Обуранг мехоҳад шеъри хушки бозорӣ,
Ранг ҳасту обам нест, ончунон ки мехоҳам.
Ман дигар наметарсам аз ҳуҷуми Азроил,
Мурдаям, азобам нест, ончунон ки мехоҳам.
10
Фалак фоле зи бартар будани мост,
Малак тасдиқи дигар будани мост.
Ба мо ғурридани шайтони мағрур
Гувоҳи некмаҳзар будани мост.
Ба мо часпидани морону мӯрон
Далели кони шаккар будани мост.
Ба сар ин сарнавиште, ки қадимист,
Нишон аз куҳнадафтар будани мост.
Ба дил ин муҳри меҳри лоязолӣ
Аломат аз диловар будани мост.
Ситудан бо забони худ Худоро
Шаҳодат аз суханвар будани мост.
11
Заминиён, ба маҳу ахтарон ҳасад набаред,
Ба мурғакони баландошён ҳасад набаред.
Чу мӯри донакаш аз ризқи хеш хуш бошед,
Ба соликони Раҳи Каҳкашон ҳасад набаред.
Агарки нақди шумо гашта давлати пирӣ,
Ба паҳлавонии насли ҷавон ҳасад набаред.
Ҳаёти кӯтаҳи мо ҷилвае саробнамост,
Ба чашмае, ки бувад ҷовидон, ҳасад набаред.
Баҳои умр, дареғо, ба нархи як кафан аст,
Ба ганҷу сарвати Шоҳиҷаҳон ҳасад набаред.
Ба гӯри куҳнаи шоҳони тоҷвар нигаред,
Ба ҷоҳу манзилати ину он ҳасад набаред.
Дар устухони худ анвори маҳ захира кунед,
Ба шамъи анҷумани осмон ҳасад набаред.
12
Шамъ дар роҳрави бод фаромӯш шавад,
Ҳар ки ӯ меравад аз ёд, фаромӯш шавад.
Косалесон чу саги баста ҳузуре доранд,
Ҷон чу шуд аз бадан озод, фаромӯш шавад.
Мотами шодии мо мурдани ҳамроҳон аст, 
Ханда дар лаҳзаи фарёд фаромӯш шавад.
Кӯр гардад хати роҳе, ки бувад беравуо,
Аз забон ном чу афтод, фаромӯш шавад.
Лаби ширин даҳани талх агар мегардад,
Ҳаваси Хусраву Фарҳод фаромӯш шавад.
Фикри роёна,* ки оҳансару симинасаб аст,
Шояд ин аст, ки устод фаромӯш шавад?
Мекашам оҳ, агар оҳ кашад оҳуе,
Мезанам дод, агар дод фаромӯш шавад.
Сахт метарсам аз ин фикр, ки баъди сари ман
Қимати гавҳари аҷдод фаромӯш шавад.
13
Чу гиряд резаборон осмон, ором мегирад,
Ғубори дил барорад хокдон, ором мегирад.
Ҳавои муътадил оромиши симоб мебошад,
Ба овони миёнсолӣ ҷавон ором мегирад.
Забони оташи ғам пеши оби дида кӯтоҳ аст,
Кай обу тоби ин оҳангарон ором мегирад?
Гулўи мурӣ аз оташ, ки дорад дуд, месўзад,
Чу мирад ҳарзагӯ, ком аз забон ором мегирад.
Амал бими аҷал гардад, касе онро намеҷўяд,
Бало боло нишинад, нардбон ором мегирад.
Агар аз арсаи ҷилват равӣ дар гўшаи хилват,
Ду гўш аз нағмаи гову харон ором мегирад.
Ҷаҳон оромгоҳи ҷони огоҳон намебошад,
Барояд аз тани озурда ҷон, ором мегирад.
14
Нишоти ғунча ранги боғро тангии фурсат буд,
Нафас дар бод мепечиду берангии фурсат буд.
Тамошо вусъати як осмон аз чашми шабнам дошт,
Сароби худнамо ҳам ҳаҷми найрангии фурсат буд.
Надорад истгоҳ ин ҷову он ҷо корвони вақт,
Ҷавонӣ ахгаре аз санги фарсангии фурсат буд.
На Монӣ буд монову* на нақши килки ӯ хоно,
Ҳунар, эй беҳунар, тасвири Аржангии фурсат буд.
Парешонии мавҷи ҳасрати оинаи ҳайрат
Ба пешонии дарё хатти ожангии фурсат буд. 
Хуруҷи номуродиро ба туфони фано шустан,
Далели ношикебоиву дилтангии фурсат буд.
Ба сӯи орзуи хештан ҳар зарра раҳпаймост,
Ба ҷое норасидан ҳосили лангии фурсат буд.
15
Бӯи уммед аз саҳоби даргузар дорад дарахт,
Барқ аммо фикри он дорад, озорад дарахт.
То муаммои шукуфтанро кушояд барг-барг, 
Рози худ аз ҳеч кас пинҳон намедорад дарахт.
Хайрхоҳӣ мекунад ҳар кас ба нафъи хештан,
Боғбон обаш диҳад, то бор меорад дарахт.
Аз балои осмон дар хок пинҳон мешавад,
Зиндагонӣ мекунад, то дона мекорад дарахт.
Чун зани зоянда ҳаргиз нест беномунишон,
Умри худ то дар ҳазорон донак анборад дарахт.
Сар занад аз хоки тар, гар сар занад ӯро табар,
Чашм мегардад саропо, ашк меборад дарахт. 
Ахгари бишкуфта андар бӯстони оташин
Охирин нақшест аз гармӣ, ки бигзорад дарахт.
Чашми ҳақбин мешиносад ҷилваи обу сароб,
Нахли мумиро хирадманде наангорад дарахт.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА