Сообщения

Сообщения за июль, 2017

НАЗМ

Низом Қосим ШЕЪРИ СУКУТ Биёед,   Алифбои шеърро шод кунем: Ҳарф-ҳарф барги дарахтонро биом ӯ зем Ва сатр-сатр роҳҳои равонро азёд кунем. Биёед, бубинем, Ки чи гуна табиат Ҳарф-ҳарф баргҳои хазонро Мерезад ба ҷ ӯ и боғ, Афзуда ҳусну ҳузни ин сатри равонро. Биёед, бубинем, Ки чи гуна сатри роҳ Ҳарф-ҳарф одамонро Мерасонад ба манзил… Чаро наом ӯ зем аз ин сатри комил? ! Биёед,   Аз шоирии к ӯ ҳ ибрат бигирем, Ки бо басо маъниҳои ниҳонаш – Ган ҷ у махзану конаш Наменозад. Чи собир шоирест он, Ки бовар дорад: Р ӯ зе ган ҷ кобу кон ҷ ӯ и соҳибдил, Яъне, маънираси комил Мекунад кашф маъниҳои ниҳонашро, Шеърҳои дилу ҷ онашро … Биёед,   Сафҳаи осмони шабонгоҳро бубинем, Ки ҳарфҳояш чи дурахшонанд – Ахтаронанд… Пеши он шеъри поку баланд Бипарҳезем аз ҳарфи пасту нодилписанд. Биёед, Р ӯ шанбаёнии моҳро азхуд кунем Ва истиораи истораҳоро Ва гармии сухани офтобро, Ки аз милён мил Гарм мерасад ба дил… Биёед, Бо пари мурғон бипайвандем х...

НАСР

Юнус Юсуф ӣ САЪВА Ба ёди бародарам Абдурауф Духтаракро дидани писарак чунон буд, ки пас аз рафтани барфҳои замистон миёни алафҳои хушку хазон ногаҳон гулаке бубиниву шод ӣ кун ӣ . Писар бехабар аз найрангҳои саройи дудар дами дар истода буд, ки духтар қаф ас дар даст аз пеши вай гузашта, с ӯ йи бозор рафт. Ва пеш аз он ки духтар аз пеши писар гузарад ногаҳон, ғайри хоҳиши ҳардуяшон, як он нигоҳҳошон ба ҳам омад. Ва ҳамааш аз ҳамин ногаҳон якдигарро ёфтани нигоҳон оғоз гашт . Духтар ин гуна ҳар р ӯ зи бозор саъва ро як бор ба бозор мебарад, аммо онро касе намехарад. Г ӯ ё дар ин шаҳри пурсадо касе садои хуши парандаро хуш надошт. Ва инак духтарак ҳар бор, ки қафас дар даст мераваду меояд, писаракро пеши дар истода мебинад ва ҳамеша нигоҳҳошон як дам баҳам мех ӯ рад, ди лошон дасту по гум мекунад, хунро ба ҳама ҷ ойи танашон неву тунд ба р ӯ яшон мезанад. Ин як дами камтар аз дам аст. Вале ин як они андактар аз он чунон шук ӯ ҳе баланд ва шодие ширин дорад, ки писарак гумон м...