НАЗМ

Низом Қосим
ШЕЪРИ СУКУТ
Биёед, 
Алифбои шеърро шод кунем:
Ҳарф-ҳарф барги дарахтонро биом
ӯзем
Ва сатр-сатр роҳҳои равонро азёд кунем.
Биёед, бубинем,
Ки чи гуна табиат
Ҳарф-ҳарф баргҳои хазонро
Мерезад ба
ҷӯи боғ,
Афзуда ҳусну ҳузни ин сатри равонро.
Биёед, бубинем,
Ки чи гуна сатри роҳ
Ҳарф-ҳарф одамонро
Мерасонад ба манзил…
Чаро наом
ӯзем аз ин сатри комил?!
Биёед, 
Аз шоирии к
ӯҳ ибрат бигирем,
Ки бо басо маъниҳои ниҳонаш –
Ган
ҷу махзану конаш
Наменозад.
Чи собир шоирест он,
Ки бовар дорад:
Р
ӯзе ганҷкобу конҷӯи соҳибдил,
Яъне, маънираси комил
Мекунад кашф маъниҳои ниҳонашро,
Шеърҳои дилу
ҷонашро
Биёед, 
Сафҳаи осмони шабонгоҳро бубинем,
Ки ҳарфҳояш чи дурахшонанд –
Ахтаронанд…
Пеши он шеъри поку баланд
Бипарҳезем аз ҳарфи пасту нодилписанд.
Биёед,
Р
ӯшанбаёнии моҳро азхуд кунем
Ва истиораи истораҳоро
Ва гармии сухани офтобро,
Ки аз милён мил
Гарм мерасад ба дил…
Биёед,
Бо пари мурғон бипайвандем хомаҳоро
Ва парвози мурғон бидиҳем номаҳоро.
Биёед,
Аз боғи пургулу пурбулбул –
Аз ин шеъри рангину пурсадо –
Сабақҳо бигирем;
Фаротар бубинем –
Аз шоҳбайти роҳи оҳан
Ва шоҳмисраи хати парвози ҳавопаймо 
Сабақҳо бигирем.

Биёед,
Барг-барг ашъори бетаровату хазоншудаамонро
Ба чанги бод кунем,
Биёед,
Амиқтар ба андеша биравем,
Ақаллан
Якма
ҷмӯагӣ
Шеъри сукут
Э
ҷод кунем

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА