Сообщения

Сообщения за 2022

Cорбон: Дар бораи коронавирус роман навиштам

Изображение
  Хиёбони нодир Ман ба кӯчаи аҷибе омадам. Кӯчаи Ҳабиб Юсуфӣ. Дар мавриди ин кӯча зиёд шунида будам, вале онро бори аввал дидам. Дар ин гузар ҳавлиҳои бузургтарин адибони тоҷик Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Убайд Раҷаб, Фазлиддин Муҳаммадиев, Холмурод Шарифов, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат ва қаҳрамони имрӯзаи мо Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сорбон воқеъ аст. То расидан ба ҳавлии устод Сорбон дар зеҳнам суолҳои зиёд пайдо шуданд. Чаро ин кӯча осорхонаи адибони Тоҷикистон набошад? Чаро дар дарвозаҳо лавҳаҳо гузошта нашудаанд? Агар чунин як хиёбон дар Аврупо ё Амрикову Русия мешуд, чӣ ном медошт? Чаро мо ба қадри фарҳанги ғанӣ, адабиёти бой ва фарҳехтагону сарсупурдагон намерасем? … Занги дарвозаро пахш кардам. Пас аз лаҳзае марди солхӯрдаи нуронӣ, тоқии тоҷикӣ дар сар, бо чеҳраи кушод маро пешвоз мегирад ва ба меҳмонхона роҳнамоӣ мекунад. Маро ҳаяҷон пахш кард. Бовар намекардам, ки бо нависандаи дӯстдоштаам, муаллифи романи “Актёр” устод Сорбон рӯ ба рӯ нишастаам. Устод ҳаяҷони ...

ЧОЙПУЛӢ

Изображение
  Он рӯз ба сабаби шамоли Сибир ҳавои Самарқанд хеле сард буд, ба қавле туф кун-ях кун. Шамоли сард ба сару рӯй сӯзан мезад. Мошини тамағаи “Lacetti ” аз тарафи деҳаи Мотурид ба чорроҳаи Даҳбед наздик шуд. Роҳ тирбанд буд. Мошинҳо чун сангпушт ба сустӣ ҳаракат мекарданд. Сабукравҳое, ки ба тирбандӣ даромадаанд, ба душворӣ қафо бармегаштанд. – Дар ин ҷо чӣ гап бошад? - ба пеш гардан ёзонд ронанда ва сар аз оина бароварда аз роҳгузаре пурсид: – Ука чӣ гап? Чӣ шудааст? – Намедонам. Як нафар мурдааст-мӣ, бемор шудааст-мӣ, чӣ? - ҷавоб дод роҳгузар. – Дар пеш мошини ёрии таъҷилӣ истодааст. – Ба чорроҳа гузашта намешавад, - ба мусофирони мошин рӯй овард ронанда. – Ман аз ҳамин ҷо бармегардам. Ҷавони қадбаланди хушлибос – Фотеҳ Неъматович, ки дар паҳлӯи ронанда менишаст, роҳкироро дода, шикоятомез пурсид: – Ин қадар роҳро чӣ хел пиёда меравем? – Роҳ маҳкам. Набошад мебурдам. Фотеҳ зери лаб ғурунгида, ба тарафи чорроҳаи Даҳбед шитофт. Шамоли сард ба сару рӯй бераҳмона...

АГАР УСТОДУ ШОГИРД «ИШҚ» ВАРЗАНД

Изображение
  – Ассалому алайкум, муаллим. Мумкин? – Дароед, – дар лабони омӯзгор табассум шукуфт ва бо чеҳраи болида ӯро истиқбол гирифт. Донишҷӯдухтар, ки соле пеш ба шавҳар баромада буд, гуфт: – Домулло, ман дар якчанд машғулот иштирок карда натавонистам. Ҳоло барои азхудкунии дарсҳо омадам. – Чаро иштирок накардед? – чашм аз ӯ наканда гуфт муаллим. – Рӯзгордориро медонед-ку… – камтар шарм дошта, хиҷолатзада гуфт вай. – Чӣ, домодтӯра ёрӣ намерасонанд? – Бошанд-ку… – Магар нестанд? – кунҷковона пурсид муаллим. – Не, дар хориҷа. – Дар куҷо? – Дар Русия. – Не-е. Ин хел арӯси нозанинро ба кӣ партофта рафтанд? – луқма партофт муаллим. Баъд аз чанд моҳ овоза паҳн гардид, ки духтараки донишҷӯ бо устоди донишгоҳ «ишқ» варзидааст. Мутаассифона, вақтҳои охир чунин овозаҳо, ки ба муносибати байни муаллим ва донишҷӯён вобастаанд, бештар ба гӯш мерасанд. Кас бо шунидани ин гуна овозаҳо ангушти ҳайрат мегазад. Меандешад, ки наход омӯзгори боргоҳи таълими олӣ, ки бояд бо рафтор, гуфтор, маданият ва хиради...

Беҳбудӣ: «Ба фарзандон аз падарон илм мерос монад»

Изображение
  Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ (1875‑1919) аз ҷумлаи чеҳраҳои мондагор буд, ки ҳамчун яке аз саромадони матбуоти тоҷику ӯзбек дар ташаккули бевоситаи публитсистикаи тоҷику ӯзбек нақши сазоворе гузоштааст. Падидаи тозаи адабӣ-­маънавии халқи тоҷик дар оғози қарни ХХ таъсиси матбуоти тоҷик ва ҳамзамон дузабона мебошад, ки ҳамчун дастгоҳи нерӯманди иттилоотӣ дар инъикоси ҳаводиси тоза ва таблиғоти фикрӣ, дар бозтоби масоили умдаи адабӣ, ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ соли 1913 нашрияи «Самарқанд» ва баъдан маҷаллаи «Ойина»-ро таъсис намуд, ки пеш аз ҳама ба рушду ташаккули афкори омма ва вусъати ниёзҳои маънавии халқ заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Баҳори соли 1913 Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ нашри рӯзномаи «Самарқанд»­-ро оғоз намуд. Ин нашрия чун минбари баёни афкору ғояҳои пешрави равшангарон дар як муддати кӯтоҳ миёни хонандагон маҳбубият пайдо кард. Равшангарону адибони маърифатпарвар низ нашри ин рӯзномаро хуш истиқбол гир...

«TIK TOK»: ҚАДАМЕ ҶОНИБИ ТАНАЗЗУЛИ МАЪНАВӢ

Изображение
  «Аз сабаби «Tik Tok» як хонанда вафот кард ва дигаре ба шифохона афтод…» «Видеои «Tik Tok» боиси вайроншавии оилаи ҷавон гардид…» «Нисбат ба шахсоне, ки марди мастро дар дарахт баста, видео ҳодисаро дар «Tik Tok» ҷойгир карданд, чора дида шуд…» «Тиктокчиёне, ки дар либоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ «тамошо» нишон доданд, дастгир шуданд…» Мутаассифона, ҳоло дар аксари шабакаҳои иҷтимоӣ ва нашрияҳои чопӣ хабару гузоришҳое, ки чунин сарлавҳа доранд ва аз фаъолияти тиктокчиён ҳикоя мекунанд, беш аз пеш ба назар мерасанд. Вақте ки онҳоро пайгирӣ мекунем, аён мегардад, ки аксари ҳодисаю воқеаҳо бо мақсади ҷамъоварии «лайк» ва зиёд кардани адади обуначиён дар «Tik Tok» амалӣ гардидаанд. Афсӯс, ки гоҳо ин «худнамоӣ» ва «тамошо»-ҳо бо оқибатҳои ғамовар ва табъхиракунанда анҷом меёбанд. Дар ҳамин маврид савол пайдо мешавад: «Tik Tok» худ чӣ гуна шабака аст? Он дар куҷо пайдо шуд? Аз ин шабака асосан киҳо истифода мебаранд? Сабаби пойбанд гардидани ҷавонон ба «Tik Tok» дар чист? 60 фои...