Сообщения

Сообщения за декабрь, 2017

НАЗМ

15 ғазали олӣ аз устод Суруш  1 Салом, ҳоли ту чун аст, эй ниҳоли баҳор? Дилат шикаст магар боз аз заволи баҳор? Хазони омада рӯзе гузаштанист, маранҷ, Агарчи рафта ҷавонии мо мисоли баҳор. Шикасти шишаи хотир аломати пирист, Нигар ба ранги баҳору мапурс ҳоли баҳор. Ҳазор баргаи рӯзард байни оташи сард - Ҷавоби хушки хазон аст бар суоли баҳор. Биё, ба фотиҳаи сабзаҳои мурда равем, Хурем бо дили пурдард оши соли баҳор. Биё, ба боғ равем, аз шукуфа ёд кунем, Ки дар табиати мо гул кунад хаёли баҳор. 2 Биё, азизи дилам, ёри меҳрубон бошем, Нигоҳбони муҳаббат дар ин ҷаҳон бошем. Биё, нигоҳи самимии офтоб шавем, Дурахши гавҳараки чашми осмон бошем. Биё, ба хотири парвона шамъ афрӯзем, Фурӯғи тоҷи сари гӯри рафтагон бошем. Биё, зи ҳаҷри Бухоро чу бод оҳ кашем, Ба ёди беди лаби Ҷӯи Мулиён бошем. Биё, ба боғ шитобем рӯзи марги баҳор, Даме шарики дили оби боғбон бошем. Биё, чу барқ, ки дандоннамост лабхандаш, Дар ин ҳавои ғамолуда шодмон бошем. Биё, ба мисли Суруш...