НАЗМ
Шариф Ярашов Ҷумаевич 12 марти соли 1986 дар деҳаи Ғӯротии маҳаллаи Дашти ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 2007 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатим намудааст. Аз соли 2007 то соли 2012 дар мактаби рақами 56-и деҳаи худ аз фанни «Забон ва адабиёти тоҷик» дарс гуфтааст. Солҳои 2012-2014 дар бахши магистратураи кафедраи забон ва адабиёти тоҷик таҳсил гирифтааст. Аз соли 2014 ин ҷониб дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДДС ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Намунаҳои эҷодиёти Шариф Ярашов аз давраи донишҷӯӣ дар газета ва маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва берунмарзӣ интишор гардидаанд. Ҳамчунин дар китоби «Армуғони Самарқанд» (Самарқанд, 2011) намунаҳо аз шаърҳои ў ба табъ расидаанд. Инак хостем, чанд намуна аз шеърҳои Шариф Ярашовро пешкаши Шумо азизон кунем ва умед дорем, ки фикру мулоҳизаҳои худро дар боари шеърҳо баён мекунед. ВАТАН То ками ногуфтаи айём гуфт, Ку дигар Айнии номҷустаи халқ? То ғами нохӯ...