НАЗМ

Лоиқ ШЕРАЛӢ
Баҳор мешавад...
Баҳори пурнигор мешавад.
Замини хотироти ман
Бунафшазор мешавад.
Ба ёди нозҳои к
ӯдаконаат
Дилам хумор мешавад.

Чи р
ӯзҳо гузаштаанд,
Ки ман туро надидаам.
Чи дардҳо гузаштаанд,
Ки баҳри ту кашидаам,
Ту – бахти ношинохта,
Ситеғи норасидаам!
Туро чу ёд оварам,
Дилам фигор мешавад.

Ту рафтию зи баъди ту
Баҳори гулфишон гузашт.
Ту рафтию ба ёди ту
Ҷавонӣ бенишон гузашт.
Ту рафтию умедҳо
Чу абри осмон гузашт.
Ба чашми хеш дидаам,
Ки ишқ хор мешавад...

Зи осмони ишқи ман
Ту ахтари фитода
ӣ.
Ба к
ӯҳи орзуи ман
Ту кони нокушода
ӣ.
Ба базми зиндагониям
Нахурда
ҷоми бодаӣ.
Дилам ба ҳаққи ҳусни ту
Ҳамора зор мешавад...

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА